ДАҲШАТЕ, КИ КАСЕ ИНТИЗОР НАБУД…

 400 боздид

Имрӯз барои ҳар нафари сайёра душвор аст, барои ҳама мушкил: барои сокинони кишварҳое, ки аз паёмади ҳузновари ин вабои нохонда азият мекашанд, барои сокинони кишварҳое, ки он ҷо сирояти ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо воҳимаи омадани “меҳмони нохондаву палид” рӯзи онҳоро торик кардааст. Даҳшате омад, ки касе интизор набуд. Даҳшате, ки бо ин ҳама пешравиҳову рушди технологияҳои инноватсионӣ осон нест тарафаш даст дароз кардан. Имрӯз ҷойи он, ки ҳақиқатнигору ҳақ будани худро пайваставу дам ба дам изҳор намоем, баҳсҳои зиёд кунему нафареро барои муҷозот шуданаш даст бардорем, нафари дигареро “аз вазифааш озод созем”, сеюмиро гунаҳкор хонем (чун дигар аз ин амалҳо манфиате нест), биандешем, чӣ амале аз дастамон меояд ҷиҳати рафъи ин беморӣ ва сабурона паси сар кардани он.
ЧӢ МЕТАВОН КАРД?
Чӣ метавон кард, дар муқобили санҷиши навбатии тақдири сахтгиру таърихи сарнавиштсоз? Чӣ бояд кард?
**Ин ҷо бори дигар ёдовар мешавам аз ҳикояти Ибни Сино: “Марде дар роҳ бо вабо (беморӣ) рӯ ба рӯ мешавад. Аз вабо суол мекунад: Куҷо равонаӣ? Мегӯяд: амр гирифтам, ки дар ин шаҳр бояд ҳазор нафарро қатл намоям. Вақти бозгашт боз бо ҳамон мард вомехӯрад. Мард ба вабо хитоб мекунад: Чӣ қадар бераҳм будаӣ! Бист ҳазор аҳолии ин шаҳрро қатл кардӣ! Вабо мегӯяд: МАН ҲАЗОР НАФАРРО БА ҚАТЛ РАСОНИДАМ, БОҚИМОНДА АЗ ВАҲМ ФАВТИДАНД.
Дару дарвозаҳоро ба рӯйи воҳима, тарс, руҳафтодагӣ бастан. Албатта, шояд баъзеҳо гӯянд, ки ин ба гуфтан осон аст. Аммо инсон ба ҳама кор қодир аст, агар хоҳиш дошта бошаду иродаи қавӣ. Ва дигар роҳ ҳам надорем, ҷуз қавӣ будану дар воҳима наафтодан.
**Содатарин ва осонтарин амал: тозагӣ, риояи қавоиди беҳдоштӣ, пайваста шустани дастҳо, фосилагирӣ аз ҳам, тоза нигоҳ доштани манзили истиқомату коргоҳ. Мавриди зарурӣ (дар маконҳои серодам) истифода аз ниқобу дастпӯшакҳо, истеъмоли ғизои солим, ки барои баланд намудани тавонмандии буния (иммунитет) мусоидат намояд. Дар умум, риояи ҳатмии тавсияҳои мутахассисон ҷиҳати пешгирии беморӣ.
**Медонем, ки оғӯши кӯдакон беҳтарин роҳату лаҳазоти хушиовар аст. Аммо ба хотири солимии онҳо метавон муддате чанд ин амалро анҷом надиҳем. Бо нигоҳ меҳрубонӣ карданро биомӯзем.
**Калонсолонро, падару модар, бобову бибиҳоро эҳтиёт намоем, чун тибқи гуфтаҳои мутахассисон онҳо бештар осебпазиранд (ва беҳтар мебуд осебпазир будани онҳоро наздашон бозгӯ накунем).
**Хурдсолону муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ин замон аз ҳама бештар ба мо, волидону пайвандон ниёз доранд: бояд онҳоро бо коре, амале, шуғле фаро гирифт. Таваҷҷуҳро бештар зоҳир намуд, нагузошт, аз бекорӣ, танҳоӣ, бешуғлӣ, бетаваҷҷӯҳӣ азият кашанд.
**Ба табибону кормандони тиб, масъулон имкон диҳем, то корашонро анҷом диҳанд. Ақаллан халал нарасонем. Чи гуна? Бо риояи ҳатмии гуфтаҳошон.
**Аз ҳама муҳимаш, аз хариди зиёду нодаркорӣ даст кашидан. Ин амал аз як ҷиҳат боиси болоравии нархҳо гардад, аз ҷиҳати дигар ба буҷаи оила зарар меорад, чун дар пеш тобистон интизор ва гумон аст, ки метавонем маҳсулотро босифат нигоҳ дорем.
**Барои гирифтани маълумот ба расонаҳое, ки воқеъбинона менигоранд, рӯ орем ва ба ҳар гуна овозаву гапу гапчаву коментарияҳои росту дурӯғ аҳамият надиҳем.
ШОЯД МО НИЗ ГУНАҲКОРЕМ, ЧУН…
**Аз аҳли оилаамон дур шудем;
**Эҳтироми калонсолонро аз хотир баровардем;
**Меҳнати кормандони соҳаи тандурустиро қадр накардем;
**Омӯзгоронро ҳурмат накардем, ки ин замон маҷбурем, вазифаи онҳоро худамон иҷро намоем;
**Вақти холигиамонро танҳо барои харидории либос масраф намудему базму нишастҳо ва акнун дарк намудем, ки наметавон ҳамаро бо пул харид;
**Танҳо ба зоҳирамон аҳамият додем, ки ин замон он зоҳирҳои зебову сохтаро ниқобҳо пинҳон кардаанд;
**Нав дарк намудем, ки ҳокимият, қудрат, сарват на ҳама вақт имкон доранд аслиҳаи мо бошанд.
ИН ЗАМОН…
**Табиат бори дигар овоз баланд кард, ки ӯ ҳукмрон аст, на инсон;
**Ҳаёт акнун месанҷад, онҳоеро, ки “дасти дароз” (саховатманд) доранд;
**Пардаҳои риё барканда мешаванду чеҳраҳои аслии аксар кушода;
**Табибони ҷонфидову дурӯғин “рӯйи об мебароянд”, яъне хоҳем шинохт табиб кӣ аст? Қасами хӯрдааш дар ёдаш ҳаст?
**Гуфтаву насиҳатҳои бобову бибиҳоямонро бори дигар ба хотир хоҳем овард (шояд хонанда дарк кардааст, ки дар мавод номи бемориро нанавиштам: модаркалонам мегуфт, ҳар чӣ қадар номашро зиёд гирӣ, ҳамон қадар зиёд мешавад).
**Ба қадри буданҳои волидон хоҳем расиду ба онҳо бештар таваҷҷуҳ хоҳем карду меҳрубон хоҳем буд;
**Метавон маблағҳои барои зиёрати Хонаи Худо ҷамъовардаро барои солимии миллат масраф кард;
**Ба ёд меорем, ки табиат хонаи мост ва мо ин ҷо МЕҲМОНЕМ!
Таҳмина МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.