«Дар 2-3 соли оянда бояд ягон кило нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз кишвар берун набарояд»-таъкиди Пешвои миллат дар Паёми имсола

 927 боздид

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури  Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён  намуданд, ки ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад. Бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

«Дар  натиҷаи табирҳои андешидаи Ҳукумат ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд гардид, яъне аз 7,4 миллиард сомонии соли 2000  ба 21,3 милиард сомонӣ дар соли 2018 расонида шуда, содироти маҳсулоти соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Дар баробари ин зарур аст, ки  барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои корӣ  ба масъалаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ диққати бештар дода шавад»,- зикр намуданд Пешвои миллат.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, ҳоло ҳиссаи ночизи пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар коркард шуда, имкониятҳои мавҷуда, алалхусус дар самти таъсиси ҷойҳои корӣ дар соҳаи нассоҷӣ ба таври кофӣ истифода нашудаанд.  Мувофиқи маълумоти оморӣ,  соли 2018 аз ҳаҷми истеҳсоли нахи пахтаи истеҳсолгардида ҳамагӣ 10- 12 фоизи он дар дохили кишвар коркард шуда, содирот 2 баробар афзудааст.

Аз ин рӯ  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ  супориш доданд, ки дар 2-3 соли оянда ягон килограмм нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз кишвар берун набарояд.

«Дар 2-3 соли оянда бояд ягон кило нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз кишвар берун набарояд»-таъкиди Пешвои миллат дар Паёми имсола

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.