Дар ҷамоати Ориён бозори нав ба истифода дода мешавад

 1 044 боздид

Имрӯз, 14-уми феврали соли равон муовинони раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед ва  Аниса Ҷалилӣ  аз ҷараёни корҳои созандагии бозори навбунёди ҷамоати деҳоти Ориён боздид ба амал оварданд.

Дар ин сафар масъулин аз бозори навбунёди ҷамоати деҳоти Ориён, ки рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад дидан намуда, аз ҷараёни бунёди бинои бозор аз наздик шинос гардиданд.

Бинои бозори ҷамоати деҳоти Ориён бо ёрии соҳибкори маҳаллӣ Абдусалом Қаҳҳоров бунёд гардида, дорои таҷҳизоти ҳозиразамон ва шароити мусоид барои савдо мебошад.

Дар идомаи сафари корӣ Аниса Ҷалилӣ ва Ҷамшед Маҳмудзода аз беморхонаи минтақавии №2-и ҷамоати деҳоти Ориён дидан карданд. Барои дар сатҳи зарурӣ расонидани хизматҳои тиббӣ ба сокинон ва бартараф кардани камбудиҳо ба сардухтури беморхонаи мазкур вазифаҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон дар ин сафари корӣ Аниса Ҷалилӣ ва Маҳмудзода Ҷамшед аз заводи пахтатозакунии навсохташудаи ҷамоати деҳоти Ошоба боздид ба амал оварда, барои зиёд тоза намудани пахтаи хушсифат ва коркади он ба масъулини завод дастуру супоришҳо доданд.

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.