Дар кадом минтақаҳо чоҳҳои амудӣ бунёд мешаванд? (чандрасонаӣ)

 1 288 боздид

Бо Қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ таҳти №544 аз 26 декабри соли 2016 соли 2017 “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ” эълон гардид, ки мақсад аз эълони он дастрасии аҳолӣ бо оби босифати нӯшиданӣ ва пешгирии ҳар гуна касалиҳои сироятӣ байни сокинон маҳсуб меёбад. Он дар доираи  қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028” амалӣ мегардад. Дар “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ” харҷи зиёда аз 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар доираи он барои сохтани чоҳҳои амудӣ дар ноҳияи Ашт низ 123 ҳазор сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ҷудо шудааст.

Чанде қабл барои амалӣ намудани барномаи “Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ” дар маҳаллаи Саричашмаи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифта буд.

Арзиши лоиҳавии ин чоҳи амудӣ 170 ҳазор сомонӣ буда, он аз ҳисоби корхонаи фаръии минтақавии №1 155 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт 15 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Дарозии чоҳи амудӣ 80 метрро ташкил медиҳад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин чоҳ боз 400 хоҷагии дигар ва беш аз 6 ҳазор сокинони ҷамоати шаҳраки Шайдон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Сокинони маҳаллаи Саричашма дар суҳбат ба мо гуфтанд, барои дастрас кардани оби тозаи нӯшиданӣ танқисӣ доштем ва ифтититоҳи ин чоҳ мушкилоти моро бартараф сохт.

Ҷамшед Маҳмудзода, муовини раиси ноҳияи Ашт мегӯяд, соли ҷорӣ дар деҳаи Бободархон ва маҳаллаи Бураки ҷамоати деҳоти Понғоз ва кӯчаи ба номи Ҷӯрабой Мӯъминови ҷамоати шаҳраки Шайдон чоҳи амудӣ сохта мешавад. Барои бунёди чоҳи амудии маҳаллаи Бурак 65 ҳазор сомон, барои чоҳи деҳаи Бободархон 18 ҳазор сомон ва барои бунёди чоҳи кӯчаи ба номи Ҷ. Мӯминов 40 ҳазор сомон маблағ пешбинӣ шудааст. Бо истифодаи маблағи ҷудодагардида барои таъмини дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ аллакай корҳои пармакунӣ дар чоҳҳои нав ба итмом расида, ҳамзамон таҷҳизотҳои зарурӣ дастар ва насб карда шуданд.

Муовини раиси вилояти Суғд оид ба саноат ва энергетика Заробиддин Файзуллозода зимни ба истифода додани чоҳи амудии маҳаллаи Саричашма гуфта буд: “Мо муайян намудем, ки дар вилоят аҳолии 280 деҳа аз набудани оби тозаи нӯшокӣ  танқисӣ  мекашанд”.

Дар бархе маҳалҳои ноҳияи Ашт низ аҳолӣ барои дастрас кардани оби тозаи нӯшиданӣ  мушкилӣ доранд. Баробари боришоти зиёди борон ва омадани сел дар сойҳои ҳудуди ноҳия мушкилоти сокиноне, ки аз ҷӯйборҳо обро барои нӯшидан истифода мекунанд, зиёд мегардад. Сокинони маҳаллаи Офтобрӯя ва Наврӯзи  деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғоз ҳангоми омадани сел ба чунин мушкилот зиёд дучор мешаванд.

Даруни ҷӯйборҳое, ки аз он сокинон барои истеъмол кардан об дастрас менамоянд ҳар гуна партовҳо мушоҳида мешавад, ки аз он хавфи сар задани касалиҳои сироятӣ низ вуҷуд дорад.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.