Дар ошкорнамоии ҷинояти махсусан вазнин се нафар сокинони ноҳия қадршиносӣ карда шуданд

 3 106 боздид

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нимаи дуюми рӯзи 23 апрели соли ҷорӣ, таҳти раёсати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи корӣ, бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоату шаҳраки деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия баргузор гардид.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти як қатор шуъбаву бахшҳои МИҲД-и ноҳияро давоми моҳи сипаришуда таҳлил намуда, масъулони соҳаро вазифадор намуд, ки ҷиҳати бартараф намудани  камбудиҳои ҷойдошта дар таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамчунин кори соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро баррасӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳо дод.

Дар охир бо мақсади қадршиносӣ намудани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҳамкории судманд бо масъулини мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ошкорнамоии ҷинояти махсусан вазнин,  дар асоси фармони Вазири  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия ба Турсунзода Бахтиёр, раиси Ҷамоати деҳоти Понғоз, Ҷамолиддин Машарипов  ва Шоҳсанам Одирматова истиқоматкунандагони Ҷамоати деҳоти Понғоз  бо Сипосномаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи ШВКД дар ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.