Дар шаҳраки Шайдон зиёда аз 160 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд

 948 боздид

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия санаи 7-уми феврали соли ҷорӣ бо мақсади сарсабзу зебо гардонидани маркази ноҳия, шаҳраки Шайдон маъракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз доир гардид.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ иҷрокунандаи вазифаи

раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ва кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия иштирок намуданд.

Дар натиҷаи меҳнати якдилонаи иштирокдони маъракаи ниҳолшинонӣ дар  шоҳроҳи шаҳраки Шайдон ва майдони беморхонаи марказии ноҳия зиёда аз 160 бех дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар ҷамаоти Меҳрободи ноҳия баргузор гардида буд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.