Дастаи Ошоба соҳиби Шоҳҷоиза

 1 210 боздид

Имрӯз, 31 март дар майдончаи варзишии ҷамоати деҳоти Ошоба мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид, ки дар он волейболбозони ҷамоати деҳоти Ошоба ҷои аввалро ишғол намуда, Шоҳҷоиза-автомобили сабукрави тамғаи “Мерседес-116”-ро соҳиб шуданд.

Дастаи деҳаи Хиштхона ҷои дуюм ва дастаи деҳаи Понғоз ҷои сеюмро ба даст оварданд.
Зариф Мирдадо раиси ноҳияи Ашт дар фарҷоми мусобиқа иброз дошт:  «Мусобиқаи волейбол солҳои охир дар ноҳия рушд кардааст. Дар ҳама ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия майдонҳои махсус барои мусобиқаи волейбол сохта шудааст, ки ҷавонон дар он пайваста мусобиқаҳо ташкил менамоянд».

Дар интиҳои мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ ба дастаҳои ғолиб ва варзишгарони беҳтарин Сипоснова ва тӯҳфаҳои МИҲД-и ноҳияи Ашт тақдим гардид.
Мусобиқаи мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва соҳибкорони маҳаллӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” гузаронида шуд. Дар он 16 дастаи волейболбозон аз ноҳияҳои Ашт, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Истиқлол иштирок намуданд.

Саодат ИСМОИЛӢ 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.