Тибқи банди 55-и нақша чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахшида ба эълон гардидани «Соли 2017- соли ҷавонон” аз санаи 11 то 13 феврали соли ҷорӣ дар толори мактаби варзишии №1-и ноҳия мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба волейбол баргузор гардид.
Дар он 8 дастаи варзишгарон аз ҷамоатҳои Понғоз, Ошоба, Пунук, Ашт, Меҳробод, Шодоба, мактаби варзишии №1 ва мактаби варзишии №2 иштирок намуданд.
Дар натиҷа дастаи волейболбозони ҷамоати деҳоти Ошоба ҷои аввали мусобиқаро ба даст оварданд. Дастаи ҷамоати деҳоти Понғоз ҷои дуюм ва дастаи мактаби варзишии №2 ва дастаи ҷамоати деҳоти Пунук ҷои семюро ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқа бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағи яквақтаина қадрдонӣ карда шуданд.
-Мақсад аз баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон ва муттаҳид сохтани онҳо, ҳамзамон муайян кардани дастаи беҳтарини ноҳия оид ба волейбол аст гуфт,-Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия.