Дастархони идона ба тарбиятгирандагон

 1 114 боздид

Имрӯз, 23-уми июн раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба хона интернати назди мактабии №1 ва 2-и ноҳия ташриф оварда, табрикоти раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Иди саиди Фитр ва 20-солагии ваҳдати миллӣ ба тарбиятгирандагони хона интернатҳо расонд. Дар ин маросим  ҳамчунин муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, сардори Омори кулли палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд Фирдавс Шарифзода ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Нӯъмонзода Темурҷон иштирок намуданд.

Дар ду хона интернати назди мактабии ноҳияи Ашт зиёда аз 100 нафар ба тарбия фаро гирифта шудаанд, ки онҳо дар арафаи таҷлили ҷашнҳои миллӣ аёдат карда мешаванд. Зимни аёдат тарбиятгирандагони хона интернат барномаи фарҳангӣ намоиш доданд.

Дар охир баҳри болидахотирии тарбиятгирандагони хона интернати ноҳия дастархони идона ороста шуд.  

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.