Ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҷиҳати дастгирии ин табақаи осебпазири аҳолӣ пайваста тадбирҳои судманд анҷом дода мешаванд. Бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа, маъюбони кишвар низ зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии маъюбон таҳия ва қабул шудани як қатор қонунҳои миллӣ, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ, марҳила ба марҳила муқаррар гардидани имтиёзҳо ба маъюбон, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба ин табақаи ҷомеа аз таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ ва ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд.
Дар ин замина, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, мақомотҳои худидораи шаҳраку деҳот, субъектҳои масъули ҳифзи иҷтимоӣ бо ҷумла шахсони эҳсонкору хайрхоҳ ва соҳибкорон дар партави сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат бо мақсади беҳтару хубтар намудани шароити моддӣ – маишии онҳо, расонидани кӯмакҳои моддӣ — маънавӣ, таъмин бо воситаҳои тавонбахши маъюбӣ ва ғайра чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар арафа ва рӯзҳои таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳамбастагӣ ба роҳбарияти ноҳия ва дастгирӣ аз ҷониби соҳибкори муваффақ аз шаҳри Душанбе Мараҷабов Шокирҷон, ки худ зодаи ноҳияи Ашт мебошанд, ба 5-нафар маъюбони қобилияти маҳдуди ҷисмонӣ дошта ва ниёз ба кӯмак, 5-адад аробачаҳои маъюбӣ ва маводҳои ғизоии хӯрока ройгон тақдим карда шуданд.
Пайвандони онҳо ҳамвора ба чунин ғамхориҳо ва таваҷҷӯҳ изҳори миннатдорӣ ва арзи сипос намуданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ