Дастгоҳҳои обкашӣ фарсудаанд

 997 боздид

Дар ноҳия аз соли 2011 инҷониб заминҳои бекорхобида ба кор дароварда шуданд, ки дар натиҷа талабот ба об зиёд шуд. Ҳоло 4 – пойгоҳи обкашӣ (АНС 1-3-4-5), канали магистралии М-1, пойгоҳи обкашии Чумчуқ-ҷар ва Етти-теппа барои обёрии заминҳои дар гардиши кишоварзӣ будаи ноҳия хизмат мерасонад. Аз сабаби солҳои тӯлонӣ истифодабарӣ дастгоҳҳои обкашӣ фарсуда гардида, қонеъ гардонидани талаботи кишоварзон ғайриимкон мебошад.
Тибқи иттилои масъулин силсилаи пойгоҳҳои обкашии Ашти Калон, ки аз панҷ зинаи обдиҳӣ иборат мебошад, соли 1979 ба фаъолият оғоз намудааст. Дар тӯли зиёда аз 38 соли фаъолият дастгоҳҳои обкашӣ фарсуда гаштааст.
Барои барқарор намудани дастгоҳҳои обкашии фарсудагашта, маблағҳои аз ҳисоби хизмати обрасонӣ ҷудошуда кифоя нестанд. Инчунин дар минтақаи 2-и корхона, ки пойгоҳи обкашии Чумчуқ-ҷар ва Етти-теппа ва ГКНС-1 аз соли 1975 инҷониб фаъолият доранд, ҳолати дастгоҳҳои обкашӣ ногувор буда, ин пойгоҳҳо низ барқарорсозии куллиро талаб менамояд.
Тибқи иттилои Иброҳимҷон Воҳидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия пойгоҳи обкашии АНС-1 пеш аз обанбори Қайроқум ҷойгир мебошад. Ба ҳавзи ин пойгоҳ оби лойолуди бо реч омехта ворид мегардидад, ки баъзе муаммоҳоро ба миён меоварад аз он ҷумла, аз меъёр зиёд хурдашавии таҷҳизотҳои обкашӣ, дар ҳавзҳои пойгоҳҳои обкашии АНС-1-3-4-5 ва канали магистралии М-1 ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 50 ҳ.м3 лойқа таҳшин мешавад, хароҷоти иловагии ҳарсола барои тоза намудани ҳавзҳои номбурда ва талабот ба механизмҳои махсус барои тоза намудани ҳавзҳои обкашӣ.
Иқтидори пойгоҳи обкашии Чумчуқ-ҷар барои ба пуррагӣ таъмин намудани заминҳо ба канали СФК вобаста аст, ки зиёда аз 5000 га-ро ташкил медиҳанд, кифоя намебошад.
Дар идома Иброҳимҷон Воҳидов иброз дошт: “Ҳоло барои мо зарур аст, ки дар ҷамоати деҳоти Пунук як обанбор таъсис диҳем. Ин обанбор барои муҳофизати аҳолӣ ва заминҳои кишоварзӣ аз хатари сел ва беҳтар намудани таъминоти об дар мавзеи канали СФК мебошад”.
Дар ҳолати аз фаъолият бозмондани пойгоҳҳои обкашӣ заминҳои зерин аз гардиши кишоварзӣ берун мемонанд: боғ – 10727 га, пахта – 4059 га, дигар зироатҳо – 950 га. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки зиёда аз 50 ҳазор нафар аҳолии ноҳия аз манбаъи даромади зиндагӣ маҳрум мегарданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.