ДАВИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД.

 322 боздид

 

Субҳи имрӯз,16 майи соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон бахшида ба истиқболи Рӯзи ҷавонон ва 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дави миллӣ доир гардид.
Дар Дави миллӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовинон, роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони корхонаву ташкилотҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони васеи ноҳия иштирок намуданд.
Дар он зиёда аз 4 ҳазор сокинони маркази ноҳия, аз он ҷумла, ҷавонон, наврасон фаъолона ширкат карданд.
Дави миллӣ аз назди даромадгоҳи Ҷамоати шаҳраки Шайдон то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷараён гирифт.
Инчунин имрӯз дар 9 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он 13 ҳазор нафар ҷавонон, наврасон ва сокинони касбу кори гуногун ширкат варзиданд. Дар маҷмӯъ дар Дави миллӣ зиёда аз 17 ҳазор нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи Дави миллӣ 28 марти соли 2007, №225 ба тасвиб расида, аввалин Дави миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2007 баргузор гардида буд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.