Даври ноҳиявии фестивали “Гулдухтарони Суғдӣ”

 1 372 боздид

Имрӯз,19-уми апрел дар толори чойхонаи миллии ноҳия даври ноҳиявии фестивал-озмуни «Гулдухтарони Суғдӣ» баргузор гардид, ки дар он Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода муовини раиси ноҳия, Обода Каримӣ мудири Бахши кор бо занон ва оила ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳияи Ашт Зафар Мамадҷонов иштирок намуданд.

Дар даври ноҳиявии фестивал-озмуни «Гулдухтарони Суғдӣ» 6 нафар намоянда аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия байни ҳам қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа шоҳҷоизаро намояндаи ҷамоати деҳоти Шодоба соҳиб шуд. Ҷои аввал насиби намояндаи ҷамоати деҳоти Ашт, ҷои дуввум насиби намояндаи ҷамоати деҳоти Ориён ва ҷои сеюмро намояндаи ҷамоати шаҳраки Шайдон ишғол намуд.

Мақсад аз баргузории фестивал-озмун байни бонувон баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақил, фарҳанги либоспӯшӣ ва маҳорати кадбонугӣ арзёбӣ гардид.

Дар охир ғолибон ба сипосномаи МИҲД-и ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Сайидои ШОДӢ

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.