Дидбонгоҳи сарҳадии “Пунук” ба истифода дода шуд

 4 067 боздид

Нимаи дуюми рӯз бо иштироки котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини аввали фармондеҳ, сардори ситоди Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майёр Пиракзода Ҳикматулло, сардори Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковник Қадамов Хушқадам, дидбонгоҳи сарҳадии “Пунук”-и отряди сарҳадии ноҳияи Ашти Қушунҳои сарҳадӣ ба истифода дода шуд.

Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд, аз ҷумла хобгоҳи сарбозон, ки мутобиқ ба меъёрҳои хизмати ҳарбӣ сохта шудааст, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам, ба сифати корҳои анҷомёфта, баҳои баланд доданд.

Дар бинои асосии дидбонгоҳи сарҳадии “Пунук” ҳамчунин утоқҳои корӣ барои афсарон, хонаи хизмати сарҳадӣ, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шуда, дар ин ҷо пеш аз ҳама барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ аз техникаву техналогияи пешрафта васеъ истифода мебаранд.

Ҳамчунин дар ин дидбонгоҳ ошхона, майдони сафороӣ, майдончаи варзишӣ, марказҳои таълимӣ, ҳаммом, ҷойи покиза кардани либос, анборҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сару либос, ҷойи нигоҳдории сагҳои хизматӣ дар сатҳи баланд ва бо меъёрҳои ҳозиразамони ҳарбӣ сохта шудаанд.

Бо фармони фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Олимҷон Дадобоев директори ҶДММ “Ашти калон” бо Сипоснома ва медали 20 солагии Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гашта,  як қатор афсарони Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо Сипосномаи Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипоснома ва туҳфаи хотиравии МИҲД-и ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дидбонгоҳи сарҳадии “Пунук” бо маблағи панҷ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ шуда, аз тарафи сохтмончиёни ҶДММ-и “Ашти калон”-и ноҳияи Ашт сохта шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.