ЭҲТИЁТ—НИМИ ҲАЁТ (Муроҷиати бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт)

 608 боздид

Шаҳрвандон ва волидони муҳтарам!
Бо гарм шудани ҳаво ва оғози мавсими истироҳатӣ талаботи мардум ба оббозӣ зиёд мегардад. Табиист, ки оббозӣ низ як навъи варзиш аст, ҷиҳати обутоби бадан ва саломатӣ манфиат дорад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки баъзан аз камтаваҷҷуҳӣ ва беэътиборӣ ҳар сол даҳҳо нафар мавриди оббозӣ ҷони худро аз даст медиҳанд ва боиси ғаму андуҳи якумраи пайвандони хеш мешаванд. Боиси таассуф аст, ки аксари ғарқшудагон наврасону ҷавононанд ва аз сабаби надонистани оддитарин қавоиди оббозӣ дучори марг мешаванд.
Барои такрор нашудани чунин мусибатҳо аз шумо, шаҳрвандон, падару модарон хоҳиш менамоем, беэътиборӣ ва бемасъулиятӣ зоҳир нанамоед. Дар хотир доред, ки дар ҳавзҳои обгирии пойгоҳҳои обкашӣ, каналҳо, кӯлу обанборҳо оббозӣ кардан хатарнок аст ва манъ карда шудааст. Махсусан дар ҳудуди сойҳо ва каналҳо фарзандони худро назорат кунед, вақте шоҳиди ғарқшавии нафаре гаштед, агар ба худ эътимод надоред, барои наҷоташ кӯшиш накунед, балки дигаронро ба ёрӣ даъват намоед.
Бояд зикр намуд, тибқи тавсияҳои коршиносони соҳаи тиб ҳангоми оббозӣ, ки ба ҳудуди ҷамъшавии оммавӣ шомиланд, хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус зиёд аст.
Аз ин лиҳоз, бо назардошти вазъияти ба амаломада, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва алалхусус пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, аз оббозӣ худдорӣ намоед.
Мо танҳо дар якҷоягӣ, эҳсоси масъулият ва таваҷҷуҳу назорати пайвастаи фарзандону пайвандон метавонем, пеши роҳи сироят гардидан ба ин вабои аср ва ҳодисаҳои нохушро бигирем!
Диловар ҲАМДАМОВ, сардори Бахши Раёсати КҲФ ва МГ-и Суғд дар ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.