Эсхата барандаи “Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт”

 899 боздид

Тими футболбозони филиали дар ноҳияи Ашт будаи “Бонки Эсхата”, дар мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба футболи хурд, байни корхонаву ташкилоҳои ноҳия, бо гирифтани ҷои якум барандаи “Ҷоми Раиси ноҳияи Ашт” гардид.

Дар ин бора Ҷамшед Насриддинов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ дода гуфт, дастаи футболбозони Мактабҳои варзишӣ ҷои дуюм ва дастаи футболбозони Шуъбаи маориф ҷои сеюми мусобиқаро ба даст оварданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин мусобиқа 14 дастаи футболбозон аз корхонаву ташкилоҳои ноҳия  байни ҳам бозиҳои дӯстона анҷом доданд. Мусобиқа дар варзишгоҳҳои хурди футбол дар маркази ноҳия аз санаи 30 ноябр то 2 декабр гузаронида шуд.

Дар охир ба дастаҳои ғолиб медал, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиротӣ аз ҷониби Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, Зариф Мирдадо тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.