Фарзандонатонро аз ифротгароӣ боз доред!

 1 662 боздид

Чанде қабл дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, намояндагони ШВК дар ноҳияи Ашт ва волидони сокинони ноҳияи Ашт, ки дар хориҷи кишвар таҳсили ғайриқонунӣ доранд мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот Аниса Ҷалилӣ ибрози андеша карда гуфт, ки дар шароити имрӯз бархе аз сокинон ва ҷавонони ноҳия ба равияҳои хусусияти террористӣ дошта шомил гаштаанд. Дар баробари ин таҳсили ғайрирасмии динии ҷавонони ноҳия баъзеи онҳо бо оилаҳояшон дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷ ба қайд гирифта шудааст, ки  ин аҳли ҷомеаро нигарон кардааст.

Тибқи маълумоти оморӣ аз соли 1995 то соли 2016 ҳамагӣ 42 нафар сокини ноҳияи Ашт дар муассисаҳои олии динии кишварҳои хориҷ таҳсил менамуданд. Аз ин теъдод 38 нафарашонро мардон ва 4 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.  33 нафар бо корҳои фаҳмондадиҳӣ баргардонида шуда, 7 нафарашон бо фаъолияти соҳибкорӣ дар хориҷи кишвар мебошанд. 2 нафари онҳо умуман барнагаштаанд.

Дар мулоқот таъкид гардид он шаҳрвандоне, ки аз амалҳои ғайриқонунии худ даст мекашанд ва ба Ватан бармегарданд, бахшида мешаванд. Аз волидони нафароне, ки дар кишварҳои хориҷ таҳсили ғайрирасмӣ доранд даъват ба амал оварда шуд то фарзандонашонро баргардонанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки таҳсили ғайрирасмии динӣ дар кишварҳои хориҷ яке аз омилҳои гароиши ҷавонон ба равияҳои тундрав, аз ҷумла ба  “Давлати исломӣ” мебошад. Чанде қабл Алишер Қодирқулов сокини ҷамоати деҳоти Ашт бо кӯмаки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо ҳамсар ва ду кӯдакаш аз Сурия баргардонида шуд ва айни ҳол дар озодӣ қарор дорад.

Саодат  ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.