Фавти модару кӯдак ҳангоми ҳодиса

 1 157 боздид

Шоми 3-юми апрел тахминан соатҳои 19 сокини 25-солаи ҷамоати  деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт Қурбоной Мирзоқулова ҳамроҳ бо кӯдаки 10-моҳаи худ бо мақсади гирифтани об ба назди сойи ҷамоати деҳоти Пунук меравад, ки ногаҳон  пояш лағжида, кӯдак аз дасти модар ба оби сой меафтад.

Тавре раиси ҷамоати деҳоти Пунук Бурҳониддин Мелиҷонов  иттилоъ дод,  модар баъди аз дасташ афтидани кӯдак ба оби сой барои наҷоти он худро низ ба об меандозад, ки дар натиҷа кӯдакро наҷот дода натавониста, ҳарду ба ҳалокат мерасанд.

-Тахминан баъди  ду соати ҳодиса наҷотдиҳандагон ҷасади модарро аз 4 км поёни ҷои ҳодиса дарёфт карданд. Ҷасади кӯдакро бошад, субҳи 4-уми апрел 6 км поён аз ҷои ҳодиса пайдо намуданд, -афзуд раиси ҷамоат.

Аз ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия хабар доданд, ки  одатан  ҳар  сол аз моҳҳои  март  то охири май шиддати оби сойи деҳаи Пунук  тез шуда, метавонад  бо ин суръаташ ба мавҷудоти зинда зарар расонад.  Бо сабаби об шудани барфи кӯҳҳо ва боришоти зиёди борон оби ин сой ҳар рӯз нисфирӯзӣ зиёд шуда, субҳ кам мешавад. Чанд ҳафта инҷониб оби сой лой меомад, бинобар ин пеш аз рух додани ҳодиса  ба он ҷо наздик шудани сокинон хатар дошт.

Шавҳари Қурбоной Мирзоқулова дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, онҳо як кӯдаки чорсола низ доранд.

Саодат ИСМОИЛӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.