Фурқатҷон Бӯриев дар 11 дақиқа соҳиби 2000 сомонӣ шуд

 1 414 боздид

Дар озмуни «Ошхӯри беҳтарин»-и ҷашнвораи “Оши палав”, ки имрўз 24-уми август дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят баргузор гардид, Фурқатҷон Бӯриев иқтисодчии ҷамоати деҳоти Ашти ноҳия байни 20 нафар довталаби ин номинатсияи озмун ғолибиятро ба даст овард ва «Ошхӯри беҳтарин» эълон гардид.
Шарти озмун чунин буд, ки дар вақти муайян гашта бояд аз ҳарифон ошро тез хӯрд. Довталабон ҳама баробар ба хӯрдани ош оғоз мекунанд ва нафаре, ки меъдааш ғунҷоиши оши бисёрро дорад ғолибиятро ба даст меорад.
Барои 20 нафар довталаби «Ошхӯри беҳтарин»-и Фестивали «Оши палав» барои истеъмоли 1,6 кг ош 20 дақиқа муайян карда буданд. Довталабе, ки аз ноҳияи Ашт барои озмун пешниҳод шуд дар дақиқаи 11-ум табоқи ошро холӣ намуд ва ҳарифонашро шикаст дод. Ӯ бо хӯрдани 1,6 кг оши палав дар 11 дақиқа соҳиби 2000 сомонӣ мукофотпулии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ гардид.
Дар Фестивали «Оши палав» дар 100 дег аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 1 тонна биринҷро ош карданд.
Фестивали “Оши палав” сеюм сол аст, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.