Ғолиби даври ноҳиявии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” муайян шуд

 842 боздид

Имрӯз, 21 феврал даври ноҳияивии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бахшида ба эълон гардидани «Соли 2017-Соли ҷавонон», таҷлили «Рӯзи Модар», ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ва ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар тарабхонаи «Аҳмадҷон»-и ҷамоати шаҳраки Шайдон баргузор гашт.

Дар он и.в раиси ноҳия Зариф Мирдадо ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.

Дар озмун ҳашт нафар ғолиби даври аввал аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд. Дар натиҷаи баҳогузории аъзои ҳакамон ба маҳсули кори кадбонуҳо, Маҳфуза Юлдошева аз ҷамоати деҳоти Шодоба соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни “Кадбонуи беҳтарин” гардид. Ҷойи аввалро аз ҷамоати шаҳраки Шайдон Ҳасанова Заррина ба даст овард. Ҷойи дуюм насиби Ҷӯраева Таҳмина аз ҷамоати деҳоти Понғоз ва ҷойи сеюмро аз ҷамоати деҳоти Ашт Ҳамралиева Сурайё ишғол намуд.

-Мақсад аз баргузории озмун тарғиби таомҳои миллӣ, ҳавасманд кардани бонувон ва мерос гузоштани анъанаҳои миллӣ ба наслҳои оянда аст гуфт,- Обода Ашурова, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия.

Дар фарҷом ба иштирокунандагон Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.