ГУЛРӮЗА ҶАМОЛИДДИНОВА ДАР ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ, КИТОБ АСТ» ҒОЛИБ ГАРДИД.

 7 452 боздид

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ВАО иштирок намуданд.
Ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Гулрӯза Ҷамолиддиновна-хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ба номи Юлдош Нурматов, деҳаи Понғоз, ноҳияи Ашт соҳиби ҷойи якум гардид.

Барои истиқболи ғолиби озмун бо дустури Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода  роҳбарияти шуъбаи маориф ба фурудгоҳи  байнанмиллаи Хуҷанд ташриф оварда бо гулдастаҳои тару тоза дар фазои идона истиқбол гирифтанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки саҳми устод Бахтовар Ғоибов барои омода кардани Гулрӯза ба озмуни мазкур хело назаррас буда, бо нашони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.