Гуруҳи тарғиботӣ вобаста ба мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Понғоз вохӯрӣ анҷом доданд.

 780 боздид

03.01.2022

Имрӯз гурӯҳи тарғиботӣ мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо фаъолон вохӯрӣ анҷом доданд. Гурӯҳи тарғиботӣ аз Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Абдуллозода Шарифулло, профессори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Азимов Абдумавлон, собиқадори меҳнат Солиҷонов Нодирҷон иборат буда, нуктаҳои асосии Паёми роҳбари давлатро иброз доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки вохӯрӣ дар толори МТМУ-и №36 доир гардида, дар он муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ходимони тиббу маориф ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

Нахуст, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” маърӯза намуд:

“Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Таъсиси грантҳои Президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.

Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.

Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд..”

Сипас, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, вобаста ба вусъат ёфтани корҳои ободу зебосозӣ зери сиёсати оқилонаву одилонаи Пешвои муаззами миллат баёни назар намуда, зикр дошт, ки сарчашмаҳои ободиҳо дар кишвар ин Паёми Президенти кишвар мебошад :

«Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.

Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Дар ин самт, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.»

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.