Гусели 80 нафар наваскар ба хизмати ҳарбӣ

 1 242 боздид

Имрӯз, 5 апрел дар доираи оғози маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт маросими гусели аввалин гурӯҳи наваскарон доир гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба гусели аввалин гурӯҳи наваскарон раиси ноҳия Зариф Мирдадо, прокурори ноҳия Раҳмонзода Абдусамӣ, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндагони комиссариати ҳарбии ноҳия иштирок намуданд.

Зариф Мирдадо зимни сухаронӣ таъкид намуд, ки хазмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавонмарди бонангу номуси ноҳия ба ҳисоб рафта, имрӯз ҷавонмардони далери  ноҳия  ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.

Имрӯз, дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми шароит барои сарбозон фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон бояд аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накарда, марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистонро якдилонаву содиқона ҳимоя намоянд,-илова намуд З. Мирдадо.

Сипас модари наваскар  Сабоҳат Маюсупова гуфт: «Вақти он расидааст, ки фарзанди ман низ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан адо кунад ва суботи Тоҷикистони азизро дар қатори дигар ҷавонмардони шуҷоъи Ватан таъмин намояд.»

Дар ҷамъомади тантанвӣ маъракаи нонгазони наваскарон доир гашта, наваскар Раҷабмурод Ризоев зимни суханронӣ гуфт, ки содиқона  ба Ватан хизмат мекунад.

Дар маросими гусели аввалин гурӯҳи ихтиёрӣ аз ноҳияи Ашт 80 нафар наваскар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.

Дар охир ба ҷавонони даъватшуда тӯҳфаҳои МИҲД-и ноҳия супорида шуда, барномаи фарҳангӣ тақдим гардид.

Саодат ИСМОИЛӢ,

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.