Гузаргоҳи сарҳадии «Навбунёд-Поп» боз гардид

 1 274 боздид

Санаи 1 марти соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини аввали ҳокими вилояти Намангон Алишер Файзуллаев, Раиси ноҳияи Поп Аъзамҷон Маҳмудович, гузаргоҳи сарҳадии “Навбунёд-Поп”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Пунук расман боз шуд.

Дар маросими кушодашавии гузаргоҳи сарҳадии “Навбунёд-Поп”, ки бо иштироки фаъолони ноҳияҳои ҳаммарз сурат гирифт, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини аввали ҳокими вилояти Намангон Алишер Файзуллаев, Раиси ноҳияи Поп Аъзамҷон Маҳмудович баромад намуданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар баромади худ аз ифтитоҳи роҳи ҳавоии Душанбе-Тошканд, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши маҳсулоти муассисаҳои саноатии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Форуми соҳибкорон ва тоҷирони ҳар ду давлат ёдоварӣ намуд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зикр дошт, ки минбаъд ҳамкориҳои босамар байни ноҳияи Ашт ва ноҳияи Поп густариш меёбад.

-Тоҷикистону Ӯзбекистон робитаи бисёрсолаи анъанавии дӯстиву ҳамсоягӣ, дошт ва то имрӯз низ дорад, пеш аз ҳама ҳурмату эҳтироми ҳамдигарӣ буд, ки онҳоро то ба имрӯз ба ҳам мепайвандад, дар ибтидои ин дӯстӣ мутафаккирони бузург Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ меистанд.

Муовини аввали ҳокими вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Файзуллаев замни баромадаш аз бозшавии гузаргоҳи сарҳадии «Навбунёд-Поп» изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, боз шудани ин гузаргоҳи сарҳадӣ имкон медиҳад то ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ байни ин ду ноҳия рушд ёбанд.

Ҷонибҳо дар баромади худ, боз шудани гузаргоҳи сарҳадии «Навбунёд-Поп»-ро иқдоми муҳими роҳбарияти ду кишвари ба ҳам дӯст арзёбӣ карда, зикр доштанд минбаъд ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии самарабахши дуҷониба ва густариши робитаву муносибатҳои дӯстиву ҳамсоягӣ мусоидат хоҳанд кард.

Нахуст дар гузаргоҳи сарҳадии ноҳияи Поп мизбонон ҷониби ноҳияи Аштро сари дастархони дӯстӣ даъват намуда, бо барномаҳои консертии худ таъби иштирокдоронро болида гардониданд.

Сипас дар гузаргоҳи сарҳадии “Навбунёд”-и Ҷамоати деҳоти Пунук меҳмонон аз ҳунарҳои мардумии ноҳия дидан намуда, сари як пиёла чой, аз кушодашавии гузаргоҳи сарҳадӣ изҳори хушнудӣ намуданд.

Аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барои меҳмонон бо ду забон барномаи конесртии ҷолиб пешниҳод гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.