ГУЗАРОНИДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ТИРАМОҲӢ-ЗИМИСТОНА ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

 598 боздид

Санаи 6 декабри соли равон дар толори калони МИҲД-и ноҳияи Ашт семинар-машварат дар мавзӯи  “Гузаронидани чорабиниҳои тирамоҳӣ-зимистона дар соҳаи кишоварзӣ” баргузор шуд.

Қисми назариявии онро Раиси ноҳия Зариф Мирдадо оғоз намуд. Қайд карда шуд, ки МИҲД-и ноҳия ҷиҳати татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти кишвар “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолияти соҳаи кишоварзиро чун соҳаи афзалиятноки рушддиҳандаи иқтисоди ноҳия таҳти назорати доимии хеш қарор додааст. Айни ҳол майдони умумии заминҳои кишоварзии ноҳия 166 ҳ. 368 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 11064 гектар замини корам, 19203 гектар дарахтони бисёрсола, 2165 гектар заминҳои партов, 25 гектар алафзор ва 133ҳ. 911 гектар чарогоҳ  маҳсуб меёбад.

Дар соҳаи кишоварзии ноҳия ҳоло 3 хоҷагиҳои давлатӣ, 1 хоҷагии ҷамоавӣ, 5014 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 22 хоҷагиҳои ёрирасон фаъолият доранд.

Соли ҳисобӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории кишоварзии ноҳия майдони кишти зироатҳо 13875 гектарро ташкил намуд, ки нисбати соли пеш 435 гектар зиёд аст.

Ҷиҳати таъмини иҷрои “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” дар давраи сипаришудаи соли равон дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия аз ҳисоби заминҳои бекормондаву доманакӯҳҳо дар майдони 305,6 гектар боғоти меваҳои донакдор бунёд шудааст, ки аз ин миқдор 0,5 гектараш боғҳои интенсивӣ мебошад. Ҳамчунин дар майдони 352 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда шудааст.

Аз 17 ҳазору 958 гектар майдони умумии боғоти мевадиҳанда 11 ҳ.58 гектарашро майдони дарахтони ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия истеҳсоли зардолу 18ҳ.624 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2018-ум 26,6 фоиз зиёд шудааст.  Имсол ба хориҷи кишвар 3 ҳ. 356 тонна меваҳои мухталиф содирот шудааст ва нисбати соли пеш 1 ҳазору 361 тонна зиёд аст.

Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия соли ҳисобӣ дар майдони 6 ҳазору 231 гектар кишти пунбадона гузаронида шуд. То ҳол ба миқдори 15 ҳазору 652 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки баробари 108,3 фоизи дурнамои солона аст. Ҳосилнокии миёнаи пахтазори ноҳия ба 25,1 сентнерӣ расонида шуд, ки аз соли пеш 1,8 сентенрӣ зиёд аст.

Дар қисми назариявии семинари омӯзишӣ ҳамчунин муовини Раиси вилояти Суғд Р.Каримзода ва сардори Раёсати кишоварзии вилоят Х.Бобозода дар мавзӯҳои  “Дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои тирамоҳӣ-зимистона—асоси гузоштани замина барои рӯёнидани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ”, “Шудгори тирамоҳӣ—асоси баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ” бо маърӯзаҳои муфассалу судманд баромад карданд.

Дар қисми таҷрибавии семинар меҳмонон ва иштирокчиён бо тарз ва  усули шудгори тирамоҳӣ бо истифодаи нуриҳои минералӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи А.Ашӯрови ҷамоати деҳоти Ашт ва ҳамчунин бо тарзи шинонидан ва бурриши ниҳолҳо, нармкунии байни қатори боғҳо, усули истифодабарии заҳрдоруҳо алайҳи касалӣ ва зараррасонҳои боғу токзор дар хоҷагии деҳқонии “Мирзосаркор” (ҷ.д.Ашт) шинос шуданд ва таҷрибаи худро ғанӣ гардониданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.