ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БА МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲАИ ДАҲАНАИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ШАЙДОН

 56 боздид

Санаи 25.02.2026 сол дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шуҳрат Муҳаммадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ, раҳбарони сохтору ниҳодҳои дахлдор, роҳбарияти ҷамоату сокинон маъракаи гузоштани санги асос барои бунёди як майдончаи варзиши дар ҳудуди деҳаи Даҳана бо ташаббуси соҳибкори ҷавони  деҳа Ҷасур Саидмуродов доир гардид.

Нахуст Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шуҳрат Муҳаммадзода бо сокинону фаъолони деҳаи Даҳана мулоқоту вохӯрии судманд доир намуда, дар баромади хеш зикр намуданд, ки Паёми Пешвои миллат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” барои солҳои оянда муайянгардида, оид ба пешбурди соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат, аз ҷумла иқтисоду саноат, энергетика, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақому манзалати занон, сиёсати ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар асраи байналмиллалӣ мусоидат мекунад.

Инчунин, оид ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз андешаҳои хешро баён карданд.

Сипас, бо дӯои пирони рӯзгордидаи диёр  бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шуҳрат Муҳаммадзода маросими гузоштани санги асос барои бунёди майдончаи варзишии ба стандартҳои замони муосир ҷавобгӯ баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки лоиҳаи майдончаи варзишӣ фарогири 0,08 га. замин ба ҳисоб рафта ҳаҷми майдон 22Х44-ро ташкил медиҳад. Инчунин дар бари майдончаи варзишӣ ҳуҷраи алоҳида барои либосивазнамоӣ дар назар гирифта, дар шафати рости майдон маркази хизматрасонӣ низ бунёд карда мешавад. Иншооти мазкур барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода хоҳад шуд.

 

 

 

 

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.