Ҳар кӣ аз душман набошад барҳазар

 889 боздид

Мақолаи «Ҷомӣ Амиршоев: дар хориҷа барои аз дархости паноҳандагӣ даст кашиданам наҳзатиҳо таҳдид ба ҷонам карданд», ки дар шумораи 23-юми «Шуҳрати Ашт», аз 9.08.2017 ба чоп расидааст, бори дигар аз душманиву каззобиҳои наҳзатиён шаҳодат медиҳад.

Баъди мутолиаи он муҳтавои ба ҳамин монанд мақолаи дигаре ки якчанд рӯз пеш хонда будам, ба ёд омад. Он «Тошкенбаев дар доми Муаззама» унвон дошта, дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (№30, аз 26.07.2017) дарҷ шуда буд. Мундариҷаи асосиаш он аст, ки  сокини ноҳияи Рӯдакии ҷумҳуриамон ронандаи таксӣ Хусан Тошкенбаев ба доми Муаззама  Қодирова ном бонуе афтодаву ба суханони дурӯғу ваъдаҳои осмонии ӯ бовар карда, ҳамроҳаш то давлатҳои Полшаву Германия меравад.

Он зан боре ба мошини Хусан нишаста, зуд ба ӯ шиносу аз кору рӯзгораш пурсон мешавад ва мегӯяд:

-Дар ин ҷо зиндагӣ кардан мушкил аст. Агар бо ин корат дар Германия бошӣ, 1000-1500 долларӣ мегирӣ.

Ҷавон гуфтааст, ки «мошин надорам ва ҳуҷҷати ронандагам шояд дар он ҷо ба кор наояд». Он зан дилпурона «ғами ин тарафашро нахӯр, худам ҳамаашро дуруст мекунам, мошинро худам мехарам маро то ҷойи кор бурда меорӣ, маблағи ваъдагиро медиҳам»—гуфта дили Хусанро моил мекунад. Ҷавон ба ин суханон зуд бовар карда, ҳамроҳи Муаззама ба хориҷа меравад. Аммо пас аз чанд рӯзи сафару мувоҷеҳ гаштан ба амалҳои ғайричашмдошт дарк намуд, ки ба доми фиреб афтодааст ва илоҷашро ёфта, ба Тоҷикистон бармегардад.

Айнан чунин сенария дар мақолаи «Ҷомӣ Амиршоев…» низ такрор ёфта. Ин ҷо фақат «сайд»-ро бо роҳи дигар ба даст овардаанд. Яъне, мубаллиғони наҳзатӣ шикояти Ҷомӣ Амиршоевро оид ба вазъи саломатиаш фаҳмида, ба ӯ тавсия доданд, ки барои табобат ба Аврупо равад. Ва боз гуфтанд:

-Табобат дар беморхонаҳои он ҷо бепул буда, инчунин баъди гирифтани табобат метавонӣ ҷойи кор бо маоши 3 евро дар як соат пайдо намоӣ.

Ҷомӣ Амиршоев  низ мисли Хусан дар хориҷа ба доми фиребгарон афтоданашро фаҳмида, дарзамон роҳи бозгашт ба Ватанро пеш гирифтааст.

Ана, ҳамин тавр, ҷонибдорони ҳизби наҳзат бо сад фитнаву дурӯғу найранг ҷавонони моро бероҳа карданианд. Онҳо хеле маккоронаву нуктасанҷона фаъолият мебаранд, ҳолату корубори «сайд»-ҳои ояндаи худро хуб меомӯзанд ва амиқ мекунанд, ки онҳо ба чӣ зарурияти беш доранд. Ва барои иҷрои ҳар талабу дархост: таъмин бо маошҳои калон дар хориҷа, зиндагӣ дар арши аъло, мошину ҷойҳои кори ба иборае равғанин барин ваъдаҳои дурӯғ дода, кисаи «сайд»-и хешро бо чормағзи пуч пур мекунанд.

Албатта, ба доми фиреби онҳо дар навбати аввал онҳое меафтанд, ки иродаи қавӣ надошта, басо зудбоваранду аз паёмади ҳар амали пешистода андеша намекунанд ва доираи ҷаҳонбиниашон басо танг аст. Ҷавонони ҳушёру доно, худшиносу сабур бошанд, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ қадам намегузоранд. Зеро чунин афрод аз рӯйи ҳикмати «аввал бубин ҷойи худ, баъд бимон пойи худ» амал мекунанд.

Тавре мебинем, наҳзатиён аз асп фаромада бошанд ҳам, лек, аз узангу пой гирифтан намехоҳанд. Онҳо бо амалҳои нопоку нанговар ва зиддидавлатии худ шуруъ аз ибтидои солҳои навадуми асри гузашта на як бору ду бор шармандаву беобрӯй шудаву сиррашон фош гардида. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мамлакати мо чун ташкилоти террористӣ эълон шудаву саркардагон ва думравони он ба хориҷи кишвар рӯ ба гурез овардаанд. Илова бар ин Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ҲНИТ-ро соли 2016 таҳти №79 ба рӯйихати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд.

Имрӯз наҳзатиён мехоҳанд аз ҳисоби ҷавонон бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, сафи худро афзоиш дода, онҳоро зидди давлату ҳукумати Тоҷикистон бархезонанд. Бо ин мақсад онҳо нахуст ашхоси ба домашон афтодаро дар хориҷа соҳиби ҳолати (статуси) гурезандагӣ намуда, шиносномаҳояшонро мегиранду дар ҳар гуна лагеру макони дигар ҷойгир мекунанд. Бо ин роҳ «сайд»-ҳоро тобеъ ва нигарони худ мекунанд. Баъд маҷбур месозанд, ки ба ҳизби наҳзат шомил гарданду ҳар гуфтаву супоришро иҷро намоянд. Ба Ҷомӣ ва Хусан, ки дар боло аз хусуси онҳо сухан рафт, низ чунин ҳолат рух дод ва эшон хатогии хешро зуд фаҳмиданд.

Ҳамаи ин ва дигар амалҳои наҳзатиён мо, аҳли ҷомеаро водор месозад, ки дар шароити кунунӣ ҳар лаҳза боҳушу зирак ва дар ҳимояи Ватани азизамон, падидаҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Дар ин росто алалхусус нисбати тарбияи ҷавонону наврасон ва фарзандон басо оқилонаву дурандешона муносибат бояд кард. Зарур аст, ки дар ниҳоди онҳо ҳамвора ҳисси ватандӯстӣ, сабру тааммул, нон хӯрдан аз меҳнати ҳалол, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар бедор карда шавад. Инро Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ тақозо менамояд. Ҳамзамон онҳоро аз паёмадҳои нохушу харобиовари амалҳои террористиву экстремистӣ  воқиф бояд намуд. Ба насли ҷавон бояд фаҳмонид, ки пояҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бар асари азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо халқи азизи худ басо устувор гузошта шудаву дигар ягон нерӯи нохалаф онҳоро беҷо карда наметавонад. Хеле гиромӣ доштану аз ҳар ҳаводиси нохушу носипосонаи ногаҳонӣ эҳтиёт кардани Тоҷикистони ободу озоди худ имрӯз вазифаи ҷонии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Ниёгони мо гуфтаанд: «Зи душман наёяд ба ҷуз душманӣ». Бинобар ин, нисбати инсонҳое, ки ба обу хоку ҳавои меҳан, осоишу оромӣ ва рушди беамсоли он носипосӣ мекунанд, оштинопазир будану алайҳи бадкориҳои эшон зарба задан рисолати ҳар фард маҳсуб мешавад. Зеро онҳо ба ҷомеаи мо хатар доранд.

Фаридаддини Аттор гуфтааст:

Ҳар кӣ аз душман набошад барҳазар,

Оқибат бинад аз ӯ ранҷу зарар.

Ю.СИДДИҚОВ, узви

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.