Ҳашар дар Понғоз

 1 321 боздид

Дар ҷамоати деҳоти Понғоз бо иштироки раиси ноҳия Зариф Мирдадо ва сокинони ҷамоат ҳашари умумиҷамоавӣ баргузор гардид.

Тибқи иттилоъи раиси ҷамоати деҳоти Понғоз Бахтиёр Турсунов дар ҳашар роҳҳои аз офати табиӣ зардида дар маҳаллаи Шоҳанбарӣ (Чанбарӣ) ва Шахак ба масофаи 550 метр бо маблағи 16000 сомонӣ пурра барқарор карда шуд. Ҳамзамон 2 километр роҳи маҳаллӣ дар маҳаллаи Судҷа  низ барқарор гардид. Мавзеҳои аз сел зарардида дар назди гимназияи №5 ва бозори ҷамоат ба ҳолати аввалаашон баргардонида шуданд.

Хотирасон менамоем, ки дар ҷамоати Понғоз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавзеҳои аз офати табиӣ зарардида барқарор шуда истодааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.