Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки дини мубини Ислом мардумро ба ваҳдату иттифоқ даъват карда, тафриқаву низоъро мазаммат менамояд ва онро иллати кинаву адоват ва заъфу пойбандии мусулмонон аз дигарон мешуморанд.
Худованд аз ҳоли бандагонаш бохабар аст, золимонро ҳушдор ва мазлумонро тасалло медиҳад. «Ва Худоро аз он чӣ ситамгарон мекунанд, бехабар мапиндор, ҷуз ин нест, ки онҳоро барои рӯзе мавқуф медорад, ки дар он чашмҳо хира шаванд» (сураи Иброҳим, ояти 42).
Дар ҳадиси Қудсӣ омадааст:
«Эй бандагонам! Ҳамоно ман зулмро бар худ ҳаром кардам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед». (Саҳеҳи Муслим).
Имом Муслим дар муқаддимаи «Саҳеҳ»-аш ҳадисеро аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармудаанд:
«Дар охири замон якчанд ҳиллагар ва дурӯғгӯ пайдо мешаванд, ҳадисҳоеро ба шумо нақл мекунанд, ки на шумо ва на ниёгонатон онҳоро нашунидаед. Пас, ҳушёр бошед ва хештанро аз шарри эшон нигоҳ доред, то накунанд, ки гумроҳатон намуда, аз дин мунҳарифатон созанд».
Иқтибос аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ояти Қуръон ҳадиси Паёмбарамон Муҳаммад алайҳис салам, барои ҳимояи Ватан, миллат, мазҳаби хеш Имоми Аъзам (р) ва ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон аст. Бидуни шак, ҷавонон дар зиндагӣ нақши муҳимро мебозанд. Худованди Карим барои ҷавонон як нерӯи ҷисмонӣ ва фикрие додааст, ки аз калонсолон дар илму таҷриба пештаранд. Вале ғолибан аз нигоҳи ҷисмонӣ ва иродаи қавӣ нестанд ва наметавонанд корҳоеро анҷом диҳанд, ки ҷавонон ба он метавонанд даст зананд.
Пайғамбар Муҳаммад алайҳис салом ва Ибни Аббос (р) гуфтаанд: «Эй ҷавон, ба дурустӣ ки ман туро якчанд панде биомӯзам: (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигаҳ дор, то Ӯро дар рӯ ба рӯят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷӯйӣ аз Худо ёрӣ биҷӯй. Ва бидон, ки агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то туро ба чизе ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст ва агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то ба ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд, магар бо он чизе, ки Худо ба ту навиштааст, Қаламҳо бардошта шудаанд ва номаҳо хушк шудаанд».
Дини Ислом барои тарбияи ҷавонон аҳамияти зиёде додаст, зеро онҳоянд мардони оянда, ки ҷойи падари худро дар ҷомеа ишғол мекунанд ва дар зиндагӣ масъулияти гаронро бар дӯш хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин Муҳаммад алайҳис салом мефармоянд:
«Ҳар тифле бо фитрати Исломӣ ба дунё меояд, пас падару модараш ӯро яҳудӣ мекунанд, ё насронӣ, ё маҷусӣ» (ривояти Муслим).
Аз ин ҳадиси шариф бармеояд, ки ҳар тифл бо фитрати исломӣ ба дунё меояд ва агар ин фитратро падару модари тифл хуб ҳифз намоянд, пайваста тарбияи дурусташ диҳанд, насиҳатҳояшонро дареғ надоранд, дасти ӯро гирифта ба омӯзиши таълими Ислом кӯмакаш кунанд ва аз одобу ахлоқи шариат барояш биомӯзанд, дар чунин ҳолат ин тифл монанди дарахти поке мегардад, ки аслаш пок аст ва мевааш пок аст ва тарбияаш зебост.
Аммо агар падару модари ин тифл дар фикри амру наҳйи илоҳӣ набошанд ва ҳамаи намуди гуноҳҳои хурду бузургро анҷом диҳанд, чунин тифл падари худро сармашқ гирифта, ба ӯ пайравӣ мекунад. Даҳшатноктар аз ҳама он аст, ки ин тағйироти ҷавонон дигаргунӣ дар либосу шууру ҳаракатҳои худ гоҳ аз Шарқ пайравӣ мекунанд, гоҳ ба ғарб баъзе ҷавонони мусулмон пойбанди афкори ғайр, ки эътиқоди ҷавононро вайрон мекунанд ва иштирокашон дар низоъҳои Сурия ин «ҷиҳод» дар роҳи Худост. Аммо чӣ гуна ҷиҳод? Магар ҷиҳод рехтани хуни як мусулмони дигар аст? Дар кишваре, ки бештар аз 90%-и онро мусулмонон ташкил медиҳанд, пас ин «муҷоҳидон» бар муқобили чӣ касе ҷиҳод мекунанд? Аммо дар акси ҳол, чунончи Худованд ба мо ҳушдор медиҳад. Сураи Моида, Ояти 33.
«Ҷазои касоне, ки ба Худою расули ӯ ҷанг мекунанд, ва дар замин ба қасди фасод мешитобанд ҷуз ин нест, ки кушта шаванд ё бар дор кашида шаванд, ё дастҳову пойҳои онҳо аз ҷониби мухолиф бурида шаванд ё аз Ватан дур карда шаванд. Ин расвоии онҳо дар дунё аст ва дар охират барои онҳо азоби азим ҳаст».
Хулоса кардан муҳим аст, ки пайвастан ба халқҳои манфиатҷӯ ва муқобили дигар мусулмонон ба даст гирифтани силоҳ навъе аз худкушист. Худкушие, ки назди Худованд наҳӣ шудааст ва Худованд шахси худкушро дӯст намедорад. (Сураи Бақара, ояти 195).
«Ва хештанро бо дасти худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва некукорӣ кунед! Ҳамоно Худо некӯкоронро дӯст медорад. Қайд кардан зарур аст, ки як қатор ҷавонони ноогоҳ аз асли Ислом, аз асли мазҳаби худ бехабаранд».
Муҳаммад алайҳис салом мефармоянд:
«Дӯст доштани Ватан аз имон аст». Нигоҳбонии оину субот, тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдати Ватан будан барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, махсусан ҷавонон масъулияти бузург ва ҳамзамон аз воҷиботи фарзу суннат аст.
Амну субот ва ҳифзу ҳимояи Ватан савоби беандоза дорад. Муҳаммад алайҳис салом дар мавриди маконат ва ҷойгоҳи посбонӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар ва амну суботи он чунин мефармоянд:
«Як шабонарӯз ҳифзи марзу буми Ватан ва амну суботи он дар назди Худованд бузургтар аст аз дунё ва он чӣ ки дар дунёст».
(Ривоҷи Бухорӣ ва Муслим)
-Улама мегӯянд як шаб ҳимояи Ватан беҳтар аз тамоми некиҳост.
Муҳаммад алайҳис салом мефармоянд:
«Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд:
- Овози қалами нависандагон агар хайр нависанд.
2.Овози чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол).
3.Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо амнияти Ватану худро аз душманон ҳифз мекунанд)».
Имоми Аъзам (р) итоат аз низомро омили шукуфоии давлату миллат ва амну суботи Ватан медонанд:
«Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар ҳузури вай дурӯғ нагӯ!»
Мову шумо огоҳем, ки қаблан иддае аз ҷавонони тоҷик ба сафи ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» пайваста ба қатлу ғорат, фаҳшу бадкорӣ машғул буданд. Аз умри азиз маҳрум гашта, зану фарзанд, падару модарро бадному бесаробон карда, муртакиби азоби Худованд гаштаанд.
Ҷавонони мо аз асли воқеа, аз фиребу найранги эмиссарҳои ДИИШ огоҳ гашта ва дигар ба доми онҳо гирифтор намешаванд.
Аз ин рӯ, барои ҳар яки мо фарзу суннат аст, ки ҷавононро огоҳ созем ба онҳо хислатҳои неки инсониро талқин намоем, ба мардум фаҳмонем, ки Ислом дини меҳру муҳаббат, хайру эҳсон буда, ҳаргиз зулму ситамро тарафдорӣ намекунад.
Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа чунин таъкид намудаанд:
«Мо бояд аз хотир набарорем, ки Худованд хушбахтии ҳар халқ ва ободии ҳар кишварро ба дасти худи ӯ вогузор кардааст. Ҳар миллате, ки мехонад, медонад, кӯшиш мекунад ва заҳмат мекашад, албатта обод мешавад».
Дар Қуръони карим омадааст:
«Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо (худ) он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд».
Пас, моро зарур аст, ки ба тағйир ва такмили замири худ дар хештаншиносиву ватандорӣ рӯ оварем.
Банда дар ҳама маҷлису вохӯриҳо бо раиси ноҳия Зариф Мирдадо иштирок мекунам. Он кас ба ин мавзӯи доғи рӯз диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Бо эҳсосу гармӣ аз муҳаббати ватан ҳарф мезананд, ҷавононро ба дӯст доштани ҳар зарраи поки хоки диёр, ҳифз намудани арзишҳои миллии тоҷикӣ, арҷ гузоштан ба мероси гаронбаҳои гузаштагонамон даъват менамоянд. Падару модаронро даъват мекунанд, ки нисбати тақдири фарзандони хеш бетараф набошанд, аз кору рафтору қалби онҳо бохабар бошанд, меҳрубону ҳамдарди якдигар бошанд. Ин ҳама бехирадиву беандешагиҳои бархе аз ҷавонон аз бетарафии мову шумост.
Дар охир ҳаминро гуфтаниям, ки Худованд бо сарвари давлатамон Ватанамонро дар амон нигоҳ дорад. Мамлакати моро аз офатҳо нигаҳбон бошад. Ҷавонони моро бо роҳи рост ҳидоят намояд.
Мирзоабдулло ҶАМОЛИДДИНОВ
сархатиби ноҳияи Ашт