Ҳимоятгари вафодори Ватан

 1 098 боздид

Имрӯз, 5 апрел дар қисми ҳарбии 14356б, муассисаи таҳсилоти миёнаи №17 ва литсейи №2-и ноҳия таҳти унвони “Ҳимоятгари вафодори Ватан” вохӯрӣ доир гардид.

Дар он Обода Каримӣ мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт иштирок намуда, таъкид намуд, ки ҷавонмардон посбони марзу буми Ватани хеш бошанд.

Сарбозон Шаҳром Салимов аз шаҳри Кӯлоб, Ҷумабой Қирғизов аз ноҳияи Ванҷ ва Баҳром Шарипов аз ноҳияи Ҳисор аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки оянда ба Ватан–Модар хизмат намоянд.

Хонандагони МТМУ №17 гуфтанд, аз муассисаи мазкур соли ҷорӣ ду нафар Ҷонибек Самиев ва Хусрав Одинаев ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хизмати ҳарбӣ пайвастанд.

Хонандагони муассиса дар вохӯрӣ иброз доштанд, ки онҳо низ дар оянда ҳамчун ҷавонони далеру шуҷоъ адои хизмати Ватан менамоянд.

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.