Ҳисоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии ноҳия баргузор гардид

 120 боздид

Имруз,(08.06.22) дар беморхонаи марказии ноҳияи Ашт ба номи Истамқул Ҳасанов маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии ноҳия баргузор гардид. Дар он Раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд ва роҳбарони сохторҳои дахлдор аъзоёни фаъоли ҳизб дар беморхона ширкат намуданд. Нахуст сартабиби ноҳия Имомов Абдурауф ба кори ҷаласа оғоз бахшид ва барои тастиқи қарорҳо лоиҳаҳои заруриро пешниҳод намуд ва пурра дастгири ёфт. Баъдан Раиси ҲХДТ дар вилоят баромад намуда вобаста ба сиёсати одилонаю оқилонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон баёни андеша намуда, даъват ба амал овард, ки шукрона аз оромиву ободӣ кунем. Роҳбари ноҳия зимни баромади хеш таъкид намуд, ки барои ободии Ватан ва ҳифзи оромии марзу бум ҳар шаҳрванд масъул аст. Ҳамзамон қайд гардид, ки бояд ҳар як шаҳрванди ноҳия зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гарданд.
Сипас, аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар беморхона бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.