Дар ноҳияи Ашт нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) барои бақайдгирии довталабон бо мақсади иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ — 2020 воқеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 таъсис дода шуда, бо маром идома дорад.
Бақайдгирии довталабон аз санаи 2.03.2020 оғоз шуда, то имрӯз зиёда аз ҳазор нафар довталабон аз қайд гузаштанд. Қабули довталабон дар нуқтаи бақайдгирӣ тибқи ҷадвали тартибнамуда дар мувофиқа бо шӯбаи маорифи ноҳия ба роҳ монда шудааст.
Нуқтаи бақайдгирӣ дар марҳалаи бақайдгирии асосӣ (аз 01.03.2020 то 15.04.2020) ва марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ (аз 16.04.2020 то 30.04.2020) дар ноҳия фаъолият мекунад.