Ҳуҷраи рентгени рақамӣ дар маркази эндоҷарроҳии “Азиз”

 697 боздид

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Дадобоев Туйалӣ ҳуҷраи рентгени рақамӣ дар Маркази ташхисӣ табобатии “Азиз” воқеъ дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашт мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба мо иттилоъ доданд, таҷҳизоти рентгени рақамӣ ба маблағи 60 ҳазор доллари ИМА аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Дадобоев Туйалӣ оварда шудааст, ки мутахассисони пуртаҷриба барои табобат бо ин дастгоҳҳо машғул мешаванд.

Тавре иттилоъ дода будем, маркази ташхисӣ табобатии “Азиз” дорои утоқҳои ҷарроҳӣ ва баъди ҷарроҳӣ, утоқҳои гузаронидани сӯзандору ва докабандӣ буда, дар ошёнаи дуюм дар назар аст, ки минбаъд утоқ барои табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, табобати дандон, чашм, инчунин утоқ барои рентгени рақамӣ ва ташхиси ултрасадо (УЗИ) бунёд карда шавад.

Маркази ташхисӣ табобатии эндоҷарроҳии “Азиз” аз ду ошёна иборат буда, дорои 15 утоқи корӣ мебошад. Барои бунёди ин марказ ба миқдори 452 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Маркази ташхисӣ табобатии “Азиз” 21 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз инҳо 3 нафаршон бо маблағи 22 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз такмили ихтисос гузаштаанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.