Ҳунар муаррифгари фарҳанги миллӣ

 1 584 боздид

Имрӯз мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Обода Каримӣ, бахшида ба эълон гардидани “Соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва тибқи нақшаи корӣ дар маркази таълимӣ истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва сӯзанидӯзии Ҷамоати шаҳраки Шайдон бо занони ҳунарманд вохӯрӣ намуд.

Дар баромадаш Обода Каримӣ ба бонувони ҳунарманд нуктаҳои муҳимми Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба занони ҳунарманд расонид.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар маркази атласу адрасбофии Ҷамоати шаҳраки Шайдон занони ҳунарманд, гирандагони Гранти Раиси вилоят Расулова Зиёда ва Мирзоматова Мунира нозукиҳои ин ҳунари дастиро ба занони хонашин ва бешуғл омӯзонида истодаанд.

Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани “Соли 2018- соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади эҳё ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти ҳунарҳои миллӣ дар байни занони ҳунарманди ҷамотҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз бонувону духтароне, ки соҳиби ҳунарҳои мардумӣ мебошанд ва ё дар манзилҳои истиқоматии худ ба ҳунармандӣ машғуланд, барои  аз қайд гузаштан ва дастур гирифтан баҳри рушди ин соҳа мехоҳад, руйхати занон ва бонувони  ҳунармандро сарҷамъ намояд. Аз ин лиҳозх ҳунармандон метавонанд ба рӯйхати ҳунармандони ноҳия худро номнавис намоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.