Иттилоъ дода будем, ки аз рафти корҳои созандагиву бунёдкории ноҳия иловатан гузориш хоҳем дод.
Дар ин рӯз боздид дар доираи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло аз ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Шодоба, Ашт, Ориён сурат гирифт.
Зимни боздид намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматуллоро Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, як қатор роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарияти ҷамоатҳои болозикр ҳамроҳӣ намуданд.
Дар ин росто, маврид ба зикр аст, ки дар қатори дигар иншоотҳои мухталифи иҷтимоӣ – иқтисодии бунёд гардидаистода дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Меҳробод сохтмони 4-синфхонаи иловагӣ бо ҷумлаи азнавсозии 2 утоқи кории муаллимон ва 2 ҳуҷраи кории методӣ дар деҳаи Долона, таъмиру тармим ва азнавсозии бинои дуошъёнаи муассисаи томактабӣ дар деҳаи Бахмал ва Маркази табобату муолиҷа ва хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзани ноҳия Мадалиева Истамой дар мавзеи Равот бунёд гардида истодааст, махсус қайд карда мешавад.
Сохтмон ва бунёди 4-синфхонаи иловагӣ бо ҷумлаи азнавсозии 2 утоқи кории муаллимон ва 2 ҳуҷраи кории методӣ барои 160 хонанда, бо ҷумлаи 32 ҷойи нишасти захиравӣ дар ду баст дар МТМУ №27-и деҳаи Долона аз ҷониби соҳибкор Ҷӯраев Абдуҳамид сурат гирифтааст. Маблағи масрафшаванда зиёда аз 700,0 (ҳафтсад) ҳазор сомониро дарбар гирифта, корҳо бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.
Дар ҳамовозӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ташаббускор ва соҳибкорони деҳаи Бахмали Ҷамоати деҳоти Меҳробод иқдом намудаанд, ки бинои 2-ошъёнаи муассисаи томактабии солҳои пеш аз фаъолият бозмондаи дар деҳа қарордоштаро таъмиру тармим ва азнавсозӣ намуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Маблағи хароҷотӣ на кам аз 200,0 (дусад) ҳазор сомониро дарбар гирифтааст.
Иншооти дигар Маркази табобату муолиҷа ва хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзани ноҳия Мадалиева Истамой бунёд гардида истодааст, мебошад. Бино бо тарҳу намои муосири ҷавобгӯ ба талаботҳои ҳозиразамон бунёд гардида истода, дорои шабакаи мустақили таъминоти оби ошомиданӣ ва системаи гармидиҳӣ дар фасли сармо мебошад. Ҳаҷми маблағгузории сохтмонӣ на кам аз 5 млн.сомониро дарбар гирифта, айни ҳол 70-фоизи корҳо анҷом дода шуда, баъди ба истифода додани он ҳамзамон ба макони сайёҳӣ табдил мегардад.
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Шодоба коргоҳи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ҶДММ “Ашт-пласт” ба фаъолият шурӯъ намуда, иқтидори истеҳсолӣ аз 800кг то 1200кг дар як бастро бо ташкили 6-ҷойи корӣ ва маоши хуб ташкил дода, арзиши лоиҳавӣ 1,0 (як) млн.сомониро дарбар гирифтааст.
Аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло дар якҷоягӣ бо ҳайати ҳамроҳон аз рафти азнавсозии девори намои роҳи асосии нақлиётгарди “Хуҷанд — Ашт”, ки тариқи дастаҷамъона дар қисми ҳарбии 0216-и Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта истодааст, дидан намуданд.
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ашт аз ҷараёни бунёди толори бозии бачагона, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Бобоназаров Кишвар амалӣ гардида истодааст; сохтмон ва бунёди муассисаи томактабӣ, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Раҳмонов Зоирҷон рафта истодааст ва ҳамзамон аз сохтмон ва бунёди Маркази хизматрасонӣ дидан намуданд.
Туйхона бо тарҳу намои замонавӣ бунёд гардидаистода, ки бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкор Ҳамроқулов Қаҳрамон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ориён амалӣ гардида истодааст, барои беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар маъракаҳо ба аҳолӣ мусоидат менамояд. Инчунин, муассисаи томактабӣ дар деҳаи Лаби дарёи ҳамин ҷамоат, ки бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда истодааст, барои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ шароти хуб фароҳам меовара. Азнавсозии бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи №2 бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.
Бунёди толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар деҳаи Лаби Дарёи ҳамин ҷамоат, ки бо ташаббусу маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Қаҳҳоров Абдусалом рафта истодааст, баъди ба истифодадиҳӣ ба макони баргузории машқҳои мунтазами ҷисмонӣ ва чорабиниҳои варзишии хонандагон табдил мегардад.
Дар фарҷом, аз рафти бунёди 4-синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Соҳили Сири Ҷамоати деҳоти Ориён боздид намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо муташаккилӣ ва муттаҳидии аҳли ҷамоатчигӣ амалӣ гардида истодааст, ки шаҳодати сарҷамъии мардум ба сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло ба роҳбарияти ноҳия ва кулли мардуми сарбаланду ватандӯст дар сӯҳбатҳо баҳои арзанда дода, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Иттилоъ медиҳем, ки сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло дар ноҳияи Ашт идома дорад ва аз ҷараёни он гузориш хоҳем дод.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ