ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ВА БУНЁДКОРӢ

 165 боздид
Дар ин рӯз боздид дар доираи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло аз ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Шайдон, ҷамоатҳои деҳоти Шодоба, Ифтихор, Ошоба, Пунук сурат гирифт.
Қайд кардан зарур аст, ки дар аснои боздид ифтитоҳи як қатор иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта нигаронида шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Чунончӣ, дар маркази ноҳияи Ашт – шаҳраки Шайдон чоҳи амудии нави оби тозаи ошомидании нӯшокӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ашт барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии ноҳия амалӣ карда шуд. Ин тадбир ба дастрасии аҳолӣ ба оби тоза имкон дода, сатҳ ва сифати таъминоти об беҳтару хубтар мегардад. Баъдан, дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло ва Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷаласаи корӣ баҳри баланд бардоштани маданияти истифодаи қувваи барқ, пешгирии истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунӣ ва сарфаҷӯӣ дар истифода баргузор гардид, ки дар он муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирон ва кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарият ва кормандони ҷамъи бахшҳои шабакаҳои барқии ноҳия, идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон иштирок доштанд. Дар суханронии худ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло бо баробари матраҳ гардидани ин масъала, диққати фаъолони ноҳияро барои истифодаи самараноки обу замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи дусолаи маводҳои ғизоӣ, ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, хабардошт аз нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва даҳшату оқибатҳои фалокатбори терроризму экстремизм, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи маданияти шаҳрвандӣ, эҳтироми қонунҳои амалкунанда ва риояи ҳатмии талаботҳои он, ватандӯстиву ватанпарастӣ, инчунин ба омодагӣ барои таҷлили Рӯзи Дониш сафарбар намуданд. Дар идомаи сафари корӣ аз рафти бунёди 6-синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №34, воқеъ дар деҳаи Ӯрмонтоли Ҷамоати деҳоти Ифтихор, ки барои на кам аз 150 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, он бо сарҷамъиии мардум ва ташаббусҳои соҳибкор Ҷӯраев Муродҷон бо ҳарҷи зиёда аз 600,0 (шашсад) ҳазор сомонӣ амалӣ гардида истодааст; бинои нави таълимии синфхонаҳои иловагӣ дар Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии №30, ба номи Т.Эрйигитов, ки аз 4-синфхона барои 100-нафар хонанда ва як утоқи корӣ иборат аст ва бо дастгирии кумитаи волидони муассисаи таълимии мазкур ва соҳибкорону аҳолии ташаббуспеша роҳандозӣ гардида истодааст, лоиҳаи хароҷотӣ 620,0 (шашсаду бист) ҳазор сомониро дарбар гирифтааст; 4-чоҳи амудӣ, аз он 2-адад дар деҳаи Даҳана ва 2-адад дар деҳаи Пунуки Ҷамоати деҳоти Пунук, ки барои таъминоти оби нӯшокӣ ва полезӣ нигаронида шуда, лоиҳаи хароҷотии он на кам аз 1,5 млн. сомонӣ бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон роҳандозӣ гардида истодааст; пули (купрӯк) нақлиётгузар дар маҳаллаки Толонак, ки ду тарафи соҳили сойро ба якдигар, яъне бо маркази ҷамоат мепайвандад ва бо харҷи зиёда аз 100 (сад) ҳазор сомонӣ бо сарҷамъии аҳолӣ ва соҳибкорон амалӣ гардида истодааст; ҷараёни мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ бо асфалти гарм дар деҳаи Даҳана, ҳамзамон маҳаллаҳои Қирбоқ ва Қалъа ба масофаи на кам аз 4 км бо сарҷамъии аҳолӣ ва соҳибкорон рафта истодааст; коргоҳи сехи истеҳсоли хишти сохтмонии васлшаванда бо намуди “Лего”, ки тархи хиштчинӣ бо намуди муосир буда, аз ҷониби соҳибкори мҳаллӣ Қурбонов Зиёдулло амалӣ карда шудааст; Маркази хизматрасонӣ ва савдо, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ашӯров Наврӯз бо харҷи на кам аз 2 (ду) млн. сомонӣ рафта истодааст ва барои хубтару беҳтар фаро гирифтани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат мекунад; сохтмон ва бунёди бинои 10-синфхонаи иловагӣ бо утоқҳои кории омӯзгорон, утоқи методӣ, озмоишгоҳ, толори варзишӣ ва дигар инфрасохтор дар муассисаи таълимии маҳаллаи Дӯстӣ, ки бо маблағгузории Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд бо лоиҳаи бунёдшаванда ба маблағи 4,8 млн.сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд пешбинӣ шудааст ва ҳамзамон аз рафти маъракаи ҷамъоварии пахта дар заминҳои хоҷагиҳои пахтакори Ҷамоати деҳоти Ошоба дидан намуданд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло ба роҳбарияти ноҳия ва кулли мардуми сарбаланду ватандӯст барои сарҷамъӣ, муташаккилию муттаҳидӣ ва иқдому ташаббусҳояшон дар сӯҳбатҳо баҳои арзанда дода, изҳори миннатдорӣ намуданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.