Дар идома, ин навбат санаи 6-уми сентябр тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати арзанда ва нишоту хурсандиҳои бепоён таҷлил гардид.
Қайд кардан зарур аст, ки Ҷамоати деҳоти Понғоз аз лиҳози миқдори нуфузи аҳолӣ ва хоҷагиҳои хонаводаи шахсӣ яке аз калонтарин ҷамоати ноҳия ба ҳисоб рафта, саҳми аҳли ҷамоатчигӣ дар иҷрои корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебогардонии маҳал хеле назаррас мебошад.
Дар ибтидо, Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло ва ҳайати ҳамроҳон дар ҷамъомади тантанавии Муассисаи таълимии миёнаи умумии №58, воқеъ дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз иштирок ва суханронӣ намуда, дар вазъияти тантанавӣ нимпайкараи “Агрономи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” марҳум Муҳиддинов Ҷамолиддинро кушоданд. Иттилоъ медиҳем, ки соли 2011 бо ташаббус ва дастгирии фарзандони шодравон Муҳиддинов Ҷамолиддин муассисаи таълимии мазкур сохта ба истифода дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ мардуми маҳал низ ҳиссагузорӣ ва иштироки фаъолона доштанд. Ҷамолиддин Муҳиддинов чандин маротиба вакили маҷлисҳои вакилони халқи ноҳия ва ҷамоат интихоб гардида бо Ордени “Нишони фахрӣ”, Медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок”, “Барои шуҷоати меҳнатӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ” ва бо Укази Совети Олии Республикаи Тоҷикистон унвони фахрии “Агрономи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовор гардида буданд, дар ҳама вазифаҳо ҳамчун агроном-олим бо масъулияти баланд барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани илм дар амалияи соҳа, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, хусусан ҳосилнокии пахта нақши арзанда доштанд.
Баъдан, дар вазъияти тантанавӣ бунгоҳи тиббии “Кӯҳсор” дар деҳаи Понғоз ифтитоҳ карда шуд. Бунгоҳи мазкур дар муташаккилӣ ва дастгирии молиявии мардуми маҳал дар ҳамбастагӣ бо ҳиссагузории Маркази саломатии ноҳиявӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 160,0 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Он аз ҳуҷраҳои доругузаронӣ, хатна ва ҳуҷраҳои корӣ иборат аст.
Таҷлили тантанаҳои ҷашнии Ҷамоати деҳоти Понғоз дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №36 баргузор гардид. Дар чорабинӣ шумораи зиёди сокинони касбу кори гуногуни ҷамоат, фаъолон, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷомеаҳои меҳнатӣ, бонувон ва наврасону ҷавонон ҷамъ омада буданд.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло ва ҳайати ҳамроҳон сараввал аз растаҳои идонавии омодагардида ва дастранҷи меҳнатии онҳо дидан карданд.
Бо самимияти афзун тамоми мардуми диёри Ашти бостонӣ, бо ҷумлаи мардуми меҳнатқарини Ҷамоати деҳоти Понғозро ба муносибати ин санаи саодати миллат табрику таҳният гуфта, ба хурду бузург сулҳу оромӣ, хушбахтиву некномӣ ва хонаи обод орзу намуданд.
Дар ҷараёни таҷлили ин ҷашн ба фаъолону пешқадамони ҷамоат Сипосномаву Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, барномаи рангини фарҳангӣ – фароғатӣ пешкаши иштирокдорони тантанаи ҷашнӣ гардонида шуд.
Дар фарҷом, аз рафти мумфаршкунии роҳҳои дохилии маҳаллаҳои Соқиён ва Пуштаи деҳаи Понғоз иштирок намуда, дар ин корҳои ободкорӣ ҳамдастӣ намуданд.
Ҷамоати деҳоти Понғоз соли 2024 аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорон ва мардуми маҳал 45 километр роҳҳои маҳалливу дохилиро бо асфалти гарм мумфарш (вазни қиёсӣ нисбат ба маҷмӯи роҳҳои дохиливу маҳаллии мумфаршшудаи 9-ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия маҷмӯан 24,3 фоизро дарбар гирифтааст), 10 километр таъмири ҷорӣ ва 6 километрро роҳҳоро шағалпӯш намуданд ва ин иқдом низ соли ҷорӣ бо муташаккилии аҳли мардуми ҷамоат ҷараён дорад.
Ба санаи ҳисобӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Понғоз дар ин самт 4,5 километр роҳҳои маҳалливу дохилиро бо асфалти гарм мумфарш, 15 километр таъмири ҷорӣ ва 2 километрро роҳҳоро шағалпӯш намуданд, ки албатта хеле назаррас аст.
Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Муҳаммадзода Шӯҳрат бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло дар сӯҳбати озоди сарироҳӣ бо мардуми маҳал ва бунёдкорон, ба онҳо барои ташаббусҳои бунёдкорона ва дастгирии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд. Зикр намуданд, ки ҳар яки мо шукронаи кишвари азизамон — Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунем, ватанамонро ҳамешагӣ дӯсту азиз дорем, ба қадри оромиву осудагӣ ва хуррамиву ободӣ расем, соҳибистиқлоливу ваҳдати комилро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.
Дар баробари ин дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин, махсусан, заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи 2-солаи маводҳои ғизоиву озуқаворӣ, инчунин тоза нигоҳ доштани хонаву кошонаи худ, обод намудани дару девори манзили истиқоматӣ ва рушди инфрасохтори маҳал ба аҳолӣ тавсияҳои муфид ва раҳнамоӣ намуданд.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯИ АШТ