Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

 1 076 боздид

8 июни соли ҷорӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияту аъзоёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бинои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ бо бинои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонии бино моҳи ноябри соли 2016 оғоз гардида, пудратчии асосӣ ҶСК “Кони намак” – и  ноҳияи Ашт мебошад. Бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аз 2 ошёна иборат буда, он дорои 8 ҳуҷраи кориву маҷлисгоҳ ва дигар утоқҳои ёрирасон мебошад. Масоҳати умумии бинои мазкур 325 м2-ро ташкил медиҳад.

Бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ба маблағи 482 000 сомонӣ бунёд гардида, ба маблағи 20,000 сомонӣ таҷҳизонида шудааст.

Дар сохтмони бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт саҳми аъзоёни ҳизб, вакилони ноҳиявӣ, маорифчиён, кормандони тамоми корхонаву ташкилотҳои ноҳия, саховатмандону соҳибкорон назаррас аст. Бо ҳамбастагии аъзоёни ҳизб ва кормандони ташкилоту идораҳо корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашар иҷро карда шудааст.

Ҷоизи зикр аст, ки дар назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт 60 ташкилоти ибтидоӣ мавҷуд буда, ба санаи 1 июни соли 2018 аъзоёни ҲХДТ 9380 нафарро ташкил медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо аъзоёни ҳизб ва фаъолони ноҳияи Ашт иброз дошт, ки имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳои Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад. Сокинони вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни бузург софдилона меҳнат намуда, барои ободии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. Изҳори умед карда шуд, ки аъзоёни ҲХДТ минбаъд низ дар иҷрои корҳои ҷамъиятӣ фаъолнокӣ зоҳир намуда, ба ятимону барҷомондагон, шахсони яккаву танҳо ва ниёзмандону маъюбон дасти кӯмак дароз менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.