Имрӯз бо иштироки котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовини аввали фармондеҳ, сардори ситоди Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майёр Пиракзода Ҳикматулло, сардори Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд полковник Қадамов Хушқадам, муовини раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” Убайдуллозода Ғолиб, дидбонгоҳи сарҳадии Меҳробод отряди сарҳадии Ашти Қушунҳои сарҳадӣ ба истифода дода шуд.
Абдураҳим Қаҳҳоров котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ қайд кард, таъмини сулҳу субот ва якпорчагии ҳар як давлат аз мустаҳкам будани сарҳади давлатӣ вобастагии калон дорад, ки ҳифзи боэътимоди он бефароҳамовардани шароити мусоиди хизмат барои сарҳадбонон аз имкон берун аст.
-Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати пурзур намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ, дар маҷмуъ 173 иншооти сарҳадӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аз ин шумора 152 адад ё 88%-ро дидбонгоҳи сарҳадӣ ташкил дода, ҳамчунин садҳо километр хатҳои назоратӣ, роҳҳои мошингарди марзи сарҳади давлатӣ ва дигар иншооти муҳандисӣ низ барқарор гардидаанд.
Муовини аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҳар як давлат ҳудуди худро дорад ва ин ҳудуд бо сарҳадаш муайян карда мешавад, сарҳад бояд низом, тартиб ва ҳимояи худро дошта бошад. Амнияти давлат аз сарҳад сар мешавад.
Дар рафти боздид аз иншооти навбунёд, аз ҷумла хобгоҳи сарбозон, ки мутобиқ ба меъёрҳои хизмати ҳарбӣ сохта шудааст, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам, ба сифати корҳои анҷомёфта, баҳои баланд доданд
Дар бинои асосии дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳробод” ҳамчунин утоқҳои корӣ барои афсарон, хонаи хизмати сарҳадӣ, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шуда, дар ин ҷо пеш аз ҳама барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ аз техникаву техналогияи пешрафта васеъ истифода мебаранд.
Ҳамчунин дар ин дидбонгоҳ ошхона, майдони сафороӣ, майдончаи варзишӣ, марказҳои таълимӣ, ҳаммом, ҷойи покиза кардани либос, анборҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сару либос, ҷойи нигоҳдории сагҳои хизматӣ ва аспхона дар сатҳи баланд ва бо меъёрҳои ҳозиразамони ҳарбӣ сохта шудаанд.
Бо фармони фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо Сипоснома ва медали 20-солагии Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нишони сарисинаии аълочии сарҳад дараҷаи 2 Аниса Ҷалилӣ ва як қатор афсарону сохтмончиён бо Сипосномаи Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаи МИҲД-и ноҳияи Ашт сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳробод” аз ҷониби ширкати саҳомию холдингии “Барқи тоҷик” супориш дода, аз тарафи сохтмончиёни ҶДММ-и “Сохтмон”-и ноҳияи Масчоҳ бо маблағи 18 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.