Ифтитоҳи иншоотҳои гуногуни ҷашнӣ дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз

 472 боздид

Санаи 20 марти соли равон, ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дар деҳаи Ғудоси Ҷамоати деҳоти Ошоба аз ҷониби сокини деҳаи Ғудос, собиқадори меҳнат Саидалиева Ҳумминисо кӯпрук сохта ба истифода дода шуд. Ин кӯпрук аз ҳисоби маблағҳои барои сафари Ҳаҷ ҷамъоварӣ намудаи собиқадори меҳнат Саидалиева Ҳумминисо ба маблағи зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ туҳфа дар арафаи таҷлили Наврӯз ба аҳли деҳа мебошад.
Инчунин аз ҷониби бародарони соҳибкор Манучеҳр ва Достон Дадобоевҳо ифтитоҳи толори варзишӣ, ки ба маблағи зиёда аз 300 (сесад) ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ба роҳ монда шуд.
Сипас, роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон дар тантанаҳои Наврӯзии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуда, сокинонро бо Наврӯзи оламафрӯз табрику муборакбод намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.