Ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ

 374 боздид
Дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои босифати бандҳои нақша-чорабиниҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 26 марти соли равон дар деҳаи Бахмали Ҷамоати деҳоти Меҳробод мағозаи озуқаворӣ ба номи “Ҳилол”, ки аз ҷониби соҳибкор Турсунов Одилбой ба маблағи 225 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сохтмони мағозаи мазкур тибқи талаботҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии КСМ-26 анҷом дода шуда, 3 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.
Баъдан дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо иштироки роҳбарияти ноҳия майдончаи варзишӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Турматова Ҷаннатой ба маблағи 280 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, 2 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд. Раиси ноҳия зимни сӯҳбат бо сокинони ҷамоату деҳот иброз дошт, ки бунёди майдончаи варзишӣ барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мусоидат мекунад. Иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ намунаи пайравӣ арзебӣ карда шуда, аз масъулин даъват карда шуд, ки барои тарғиби тарзи ҳаети солим ва ҷалби ҷавонону наврасон тадбирҳои муассир андешанд. Баъд аз нисфирӯзӣ роҳбарияти ноҳия ба қисми низомии 14356 “Б”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо шароити маишӣ ва хизматии химатчиёни ҳарбӣ аз наздик шинос шуда, ба афсарону сарбозон 400 адад китобҳои гуногуни бадеӣ тақдим намуданд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ноҳия бунёди сохтмонҳои иҷтимоию иқтисодӣ, азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармими 301 адад иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шуда буд ва дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода теъдоди иншоотҳои ҷашниро 100 адад зиед намуда, ба 401 адад расонида шуд. То санаи 27 марти соли равон аз 401 иншоот 294 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 73.3 фоизи нақша мебошад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.