Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

 431 боздид

Дар радифи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои босифати бандҳои нақша-чорабиниҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 24 майи соли ҷорӣ дар дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон ошхонаи хӯрокҳои миллӣ ба номи “Алӣ — Бобо”, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳусайнова Омина ба маблағи зиёда аз 230 (дусаду сӣ) ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, бо иштироки роҳбарияти ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сохтмони ошхонаи мазкур тибқи талаботҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ анҷом дода шуда, 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.