11 феврали соли 2022 дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тибқи иттилои масъулин иншооти варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Талаб Каримов бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, барои футболи хурд пешбинӣ шудааст.
Раиси вилоят бунёди чунин иншоотро барои рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, таъкид кард, ки наврасону ҷавонон бояд аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода баранд.
Дар ноҳия се адад мактаби варзишӣ ва даҳҳо толору майдончаҳои варзишӣ фаъолият дошта, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба варзиш мувофиқи мақсад мебошад.
Сипас, бо ҳузури Раҷаббой Аҳмадзода дар дар ҳамин ҷамоат синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 63 ба истифода дода шуд.
Бунёди синфхонаҳои иловагӣ моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон бо харҷи 100 ҳазор сомонӣ чор синфхонаи нав сохта шуд.
Раиси вилоят иқдоми соҳибкорон ва сокинони ҷамоатро шоистаи пайравӣ унвон намуда, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф диққати махсус дода мешавад. Дар доираи амалишавии нақшаву тадбирҳои судманд ҳамасола дар вилоят даҳҳо биноҳои нави таълимӣ сохта шуда истодааст.
Дар зимн супориш дода шуд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас, азхудкунии касбу ҳунар ва забономӯзии хонандагон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.
