Субҳи имрӯз, 14 декабри соли равон дар маркази ноҳияи Ашт маркази хизматрасонии Тавҳидбонк мавриди истифода қарор гирифт.
Дар расми ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Маҳмудзода Ҷамшед, Зафар Раҳмонов Директори филиали Тавҳидбонк дар шаҳри Хуҷанд, Ашурбоқӣ Қурбонов ҷонишини директори филиали Тавҳидбонк дар шаҳри Хуҷанд, Хушнуд Ҳамралиев мудири маркази хизматрасонии бонкӣ дар ноҳияи Ашт ва сокинон иштирок доштанд.
Тавре ба мо иттилоъ доданд, мақсад аз кушодани маркази хизматрасонии бонкӣ дар ноҳияи Ашт, ин ба мардум пешниҳод намудани хизматрасониҳои нав аз рӯйи низоми нави бонкӣ мебошад. Низоми нави бонкӣ, дар баробари дигар бонкҳое, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунанд, бо шакли корбарии худ фарқ мекунад, чунки бонки мазкур дар асоси принсипҳои маблағгузории исломӣ ба мардум хизматрасонии худро пешниҳод мекунад.
Ашурбоқӣ Қурбонов ҷонишини директори филиали Тавҳидбонк дар шаҳри Хуҷанд зикр дошт, ки мақсад аз ташкили худи бонк ин фаро гирифтани он қисми мардуме мебошад, ки аз хизматрасониҳои бонкҳои анъанавӣ истифода намебаранд. Маркази хизматрасонии ин бонк акнун дар ноҳияи Ашт ташкил шудааст, сокинон метавонанад маблағгузориҳоро аз рӯйи принсипҳои маблағгузории исломӣ, ки дар айни ҳол бо аҳди муробаҳа пешниҳод карда мешавад, яъне бо тарзи хариду фурӯш истифода баранд.
Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт дар суҳбат бо кормандони ин маркази хизматрасонӣ зикр дошт, ки дар муносибат бо мардум самимона бошанд ва хизматрасониҳои бонкӣ аз ҷумла пешниҳоди қарзро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия зиёд намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин Маркази хизматрасонии бонкӣ, хизматрасониҳои интиқоли маблағ, хизматрасониҳои хазинавӣ, пешбурди суратҳисобҳои амонатӣ ва амалиётҳои мубодилавӣ ба мардум пешниҳод карда мешавад.
Хушнуд Ҳамралиев мудири Маркази хизматрасонии бонкӣ дар ноҳияи Ашт гуфт, фарқият аз дигар ташкилотҳои қарзии анъанавӣ дар он аст, ки дар ин бонк мафҳуми фоиз истифода бурда намешавад. Сокинон метавонанд бо аҳди муробаҳа маҳсулоти даркориашонро аз бонк дархост намуда, онро харид кунанд. Бонки исломӣ дар айни ҳол маблағи нақдиро ба мардум пешниҳод намекунад фақат он эҳтиёҷе, ки халқ дорад он чизҳоро харида ба мардум медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин Маркази хизматрасонӣ 4 нафар корманд фаъолият мебаранд. Дар оняда масъулин нақша доранд бо баробари вусъат ва рушд ёфтани Маркази хизматрасонии бонкӣ миқдори кормандон зиёд карда мешавад.