Ифтихор: Роҳҳои дохилӣ мумфарш мешавад

 748 боздид

Имрӯз, дар ноҳияи Ашт, корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ бо вусъати баланд ҷараён дорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сокинону соҳибкорони ноҳия кӯшиш доранд, то истиқболи ҷашни бузурги миллат 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоён истиқбол гирифта, симои ноҳияро боз ҳам ободу зеботар гардонанд.

Тавре Олимҷон Бутаев, Раиси Ҷамоати деҳоти Ифтихор иттилоъ дод, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва фармоиши Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз беш 817 метр роҳи дохили Ҷамоат мумфарш шуда, 455 тонна асфалт оварда шудааст.

Инчунин мумфаршкунии роҳи  маҳаллаҳои Қирққудуқ1 ва Қирққудуқ2, ба анҷом расида, асфалпӯш кардани роҳи маҳаллаи Ҷигда бо маром ҷараён дорад. Сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ кӯшиш доранд, роҳҳои дохилии Ҷамоатро таъмири ҷорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 1 км роҳҳои дохилии Ҷамоати деҳоти Ифтихор мумфарш карда мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.