ИФТИХОР: Вохӯрӣ бо хонандагони муассисаи таълимии № 46

 577 боздид

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор, Сиёвуш Ҳаитов, сармуттахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, бо муҳассилини ин муассиса оид ба рафти таъмини иҷрои Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, вохӯрӣ намуд.

Сиёвуш Ҳаитов дар рафти суҳбат бо хонандагон иброз дошт, ки ба дарс овардани телефонҳои мобилӣ аз ҷониби хонандагон, гаштугузори онҳо дар вақти даврс дар бозорҳо, машғул нашудан дар вақти дарс бо бозиҳои компютерӣ, савдо дар бозорҳо, шабгардӣ накардан, қайд накардани зодрӯз ва шомил нашудан ба ҳар хел ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, пешгирии ҳодисаҳои дуздӣ мумкин нест. Ба хонандагон фаҳмонида дода шуд, ки вазифаи асосии ҷавонон, ин пеш аз ҳама иҷрои қарзи фарзандии ҳар як ҷавони баору номус, яъне  хизмати ҳарбӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ , яъне ҳимояи Ватан ва падару модар мебошад.

Ба масъулин дастур дода шуд, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандорию ватанпарастӣ ва пешгирии ҳодисаҳои ҷинояткорӣ тадбирҳо андешида, баҳри дарс азхудкунӣ ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.