Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт, даъвати панҷум

 1 087 боздид

Имрӯз, 28 декабри соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия, Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Зариф Мирдадо Мирмуҳаммадӣ иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт, даъвати панҷум барпо гардид.

Баъди садо додани Суруди миллӣ, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома иҷлосия ба кори худ шурӯъ кард.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома «Дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум аз ҳавзаи интихоботии «Маҳмудҷон Воҳидов», №4» ширкаткунандагон ахбори раиси комиссияи интихоботии ноҳиявӣ Толибҷон Маҳмудовро  шуниданд. Тибқи маълумоти раиси комиссияи мазкур дар интихобот аз 2325 нафар интихобкунандагон 2005 нафар ширкат намуданд. Иҷлосия қарор қабул кард, ки ваколати вакилии вакил аз ҳавзаи интихоботии «Маҳмудҷон Воҳидов» №4, Каримов Хайриддин Турсунматович—сардори МД хоҷагии зотпарварии ба номи Т.Эрйигитов (с.т.1957, миллаташ тоҷик, узви ҲХДТ) эътироф карда шавад.

Масъалаи дуюми рӯзнома «Ҳисоботи Раиси ноҳия оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар ёздаҳ моҳи соли 2018» буд, ки матни пурраи он дар рӯзномаи ноҳиявии «Шуҳрати Ашт» чоп гардидаву тавассути он иштирокчиён аз бурду бохти ноҳия дар 11 моҳи соли равон ошно гардиданд. Раиси ноҳия баробари ибрози комёбиву музаффариятҳои соли 2018, ҳамчунин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия тариқи муфассал андешаҳояшро бозгӯ намуд.

Тибқи масъалаи сеюми рӯзнома «Дар бораи тасдиқ намудани буҷети маҳаллии ноҳияи Ашт барои соли 2019 ва иҷрои он дар соли 2017» сардори Раёсати молияи ноҳия Нурматзода Кабир баромад кард. Қайд карда шуд, ки ҳаҷми умумии буҷети ноҳияи Ашт барои соли 2019 аз рӯйи даромад бо баҳисобгирии мусоидати молиявӣ (субвенсия) 76 млн.700 ҳ.с.,  (воридоти андозӣ—35 920 000 сомонӣ, субвенсия—40 780 000 сомонӣ), аз ҷумла, барои маблағгузории ҳокимият ва идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, фарҳанг, кишоварзӣ ва фонди захиравии МИҲД-и ноҳия тасдиқ карда шавад.

Масъалаи чоруми рӯзномаи иҷлосия «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии рифоҳӣ» дар маърӯзаи муфассали раиси комиссияи доимӣ М.Ҳамзалиев баррасӣ гардид. Иҷлосия қарор намуд, ки  комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқ дар якҷоягӣ бо масъулини соҳа ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти соҳаҳои сохтмон, нақлиёт, алоқа, саноат ва хоҷагии рифоӣ мусоидат намояд. Раиси ноҳия ба комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқ дар самти бо таҳлилу баррасиҳои амиқ омода намудани маърӯза дастурҳои мушаххас дод.

Аз рӯйи масъалаи панҷуми рӯзномаи иҷлосия ба вакилон ва ширкаткунандагони иҷлосия  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Шаҳринав №31, Абдураҳмонов Ҳалимҷон Ҳабибович оид ба иҷрои ваколати вакилиаш маълумот дод.

«Муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида»—чунин буд масъалаи шашуми рӯзномаи иҷлосия, ки назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимӣ оид ба масоили иқтисодӣ ва нозироти андоз гузошта шуд.

Тибқи масъалаи дигари рӯзнома «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, муҳити зист, оила ва зан, маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон» ба ҳайати комиссияи мазкур тағйирот ворид карда шуд. Каримов Хайриддин Турсунматович—вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Маҳмудҷон Воҳидов, №4, ба ҳайати комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, муҳити зист, оила ва зан, маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон шомил карда шуд.

Аз рӯйи масъалаи ҳаштуми рӯзнома оид ба номгузорӣ  муовини Раиси ноҳия Ҷалилӣ А.А. баромад кард. Пешниҳод карда шуд, ки номи ду кӯчаи маркази ноҳия ба номи А.Рӯзиев—иштирокчии ҶБВ ва Ф.Турсунматов—узви Иттифоқи журналистони ноҳия гузошта шавад.

Тибқи масъалаи охирин иҷлосия як қатор қарорҳои Раиси ноҳияро тасдиқ намуд.

Дар иҷлосия намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, сардори Раёсати тандурустии вилоят Мақсудзода Фаррух иштирок ва баромад намуд.

Дар анҷом Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва беҳбуд бахшидан ба фаъолият бахшҳо ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла, саноат, кишоварзӣ, андоз ва молия, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, бахшҳои кор бо занон ва ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Баъди садо додани Суруди миллӣ иҷлосия ба кори худ анҷом бахшид.

Т.МИСРОБӢ
С.ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.