ИҚДОМИ НЕКИ ИСТАМОЙ МАДАЛИЕВА

 612 боздид

Имрӯз дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ ва руҳбаланд намудану дар паҳлӯи онҳо будан ба рисолати муқаддасу иқдоми пайравипазир табдил ёфтааст.
Ин аст, ки чанде аз соҳибкорону афроди хайрхоҳ ҷиҳати дастгирии табибони ҳозиқу ҳамшираҳои шафқат, оростакорони заҳматпеша ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ дасти мададу саховати хешро дароз менамоянд.
Бори дуюм аст, бонуи соҳибкору соҳибсахо, инсони меҳрубону хайрхоҳ, ҳамдиёрамон, директори ҶДММ “Бунёд Авиа-Тревел” Истамой Мадалиева, ки солҳост дар пойтахт кору зиндагӣ дорад, ба ёрии кормандони соҳаи тандурустии меҳани хеш шитофт.
Ба 13 нафар кормандони беморхонаи марказӣ, 8 нафар аз Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ, 5 нафар аз аҳли заҳмати Стансияи ёрии таъҷилӣ ва 4 нафар кормандони МНДСЭ-и ноҳия мавод озуқаворӣ (равған, чой, биринҷ, қанди сафед ва ғ.) расонида шуд.
Муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ изҳори сипоси роҳбарияти МИҲД-и ноҳия, кулли кормандони соҳаи тибро ба бонуи соҳибкору сахопеша иброз намуд.
Истамой Мадалиева гуфт, ҳарчанд дар пойтахт зиндагиву фаъолият дорам, аммо ёди зодгоҳи азизам ҳамеша дар қалбу андешаам аст. Имрӯз, ки ҷаҳон аз ин бемории сироятӣ азият мекашад ва дар сафи пеши маргу мир ва мубориза алайҳи он табибони мо қарор доранд, рисолати аввалиндараҷаи ҳар нафар дастгирии онҳост. Ин иқдоми охирин нест, то қадри имкону қудрат минбаъд низ ҷиҳати ободонии ноҳияи азизам кӯшиш хоҳам кард.
Ёдовар мешавем, аз ҷониби ин соҳибкорзани босахо санаи 22 май ба 30 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, ки дар ин вазъияти фавқулодда шабонарӯзӣ ҷиҳати табобати беморон, пешгирии бемории сироятии КОВИД-19 фаъолият доранд ва дар сафи пеш ҳастанд, кӯмаки моддӣ (аз ҷумла, равған, қанди сафед, биринҷ, чойи хушк) расонида шуда буд. Ҳамчунин 13 нафар кормандони коргоҳи қолинбофии шаҳраки Шайдон ва оилаҳои ниёзманди шаҳрак бо як халтагӣ орд аёдат шуда буданд.
Орзу мекунем, чунин ашхоси босаховат ва ватандӯст солиму бардам бошанд ва барору неъмати рӯзгор онҳоро тарк насозад!
Мавриди зикр аст, айни замон дар беморхонаи марказии ноҳия ду нафар гирифтори бемории илтиҳоби шуш табобат гирифта истодаанд ва аз 73 нафар гирифторон 68 нафар табобат ёфтанд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.