Ишғоли мақоми севвум дар мусобиқаи кушоди байналмиллалӣ

 834 боздид

Аз 31 май то санаи 3 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мусобиқаи кушоди байналмиллалӣ оид ба намуди муҳорибаи якҳарбаи шарқӣ “Ҷит-кун-до” доир гардид, ки дар ин мусобиқа 7 нафар варзишгар аз ноҳияи Ашт, Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Тавре ба мо Сангинбой Авазов, мураббии даста, устоди варзиши муҳорибаи якҳарбаи шарқӣ иттилоъ дод, мусобиқаи мазкур ба хотири гиромидошти устоди варзиш Брюс-лӣ, бо иштироки 12 давлатҳои Осиёи Миёна баргузор гардид, ки дар он мо бо нишондиҳандаҳои хуби варзишӣ дар байни 12 давлати Осиёи Минаи мақоми севвумро соҳиб гардидем.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи кушоди байналмиллалӣ, оид ба намуди “Ҷит-кун-до”, ба хотири гиромидошти устоди варзиш Брюс-ли, аз варзишгарони аштӣ 1 нафар ҷойи аввал, 2 нафар ҷойи дуввум ва 4 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Мавриди зикр аст, ки гуруҳи варзишии муҳорибаи якҳарбаи шарқӣ оид ба намуди “Ҷит-кун-до” дар ноҳияи Ашт аз соли 2017 дар дохили Федератсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикисон оид ба намуди “Ҷит-кун-до” таъсис дода шуда, то ин замон сарварии онро Сангинбой Авазов ба уҳда доранд. Гурӯҳи варзишгарони муҳорибаи якҳарбаи шарқӣ “Ҷит-кун-до” то имрӯз, 2 маротиба дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ ва 6 маротиба дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намудаанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.