Санаи 31 марти соли равон, дар толори калони МТМУ №2 Ҷамоати шаҳраки Шайдон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раиси ноҳия Зариф Мирдадо ва муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ Шурои шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ оид ба фаъолияти соҳаи маориф сухан ронда, дар бораи тақвият бахшидан ба кори таълиму тарбия, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, озмунҳои фаннӣ, корҳои ободонӣ ва тарбияи дурусти кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия, ташкили мунтазами мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ байни муаасисаҳои таълимӣ, дастраси ба китобҳои дарсӣ ва омодагии ҷиддӣ ба ҷашни бузурги миллат 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар таҷлили 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7, №65 ва №25 сохта ба истифода дода мешавад.